Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чазираи САМОС

Чазираи САМОС

САМОС (Samos), чазираест дар бахрт Эгей, дар галачазираи Спорадхои Чануби. Самосро гулугохи камбаре (2,4 км) аз нимчазираи Осиёи Хурд чудо кардааст. Чазира территорияи Юнон мебошад. Ахолиаш 70 хазор нафар (1971). Масохаташ 476 км2, Баландиаш то 1434 м. (кухи Каркетофс). Релефи Самос кухист. Асосан аз охаксанг ва чинсхои кристалли таркиб ёфтааст.

samos

Конхои боксит ва мармар дорад. Нишебихоро буттахои хамешасабз ва дарахтони санавбар фаро гирифтаанд. Машгулияти ахоли парвариши зироати субтропикист. Самос маркази винопази аст. Бандари асосиаш — Самос. Самос яке аз марказхои маданияти эгей мебошад. Музейхои чазираи Самос дар шахрхои Вати, Тигани ва наздикии Герай- он мавчуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …