Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧУЯН

ЧУЯН

ЧУЯН, хулаи омехтаи охану карбонро гуянд, ки дар таркибаш манган (то 1,5%), силиций (то 4,5%), сулфур (то 0,08%), фосфор (то 1,8%) ва диг. элементхои химияви дорад, Чуян махсулоти асосии металлургияи сиёх мебошад. Хосияти хуби рехтагари ва мустахкамии Чуян ба истифодаи васеи он дар мошинсози мусоидат мекунад. Холо кариб 70%-и кисмхои мошинхо (аз массаи умумии Чуяни рехташуда)-ро аз Чуян тайёр мекунанд.

chugun

Чуян хокистарранг, сафед, хаддодии аълосифат, легирои ва г. мешавад. Чуяни хокистарранг (дар таркибаш карбон дар шакли графит мавчуд аст) дар мошинсози, техникаи санитари, конструкцияхои бинокори ва г. васеъ истифода шуда, аз руи баъзе хусусиятхои конструкциониаш аз пулод бартари дорад. Чуяни сафед хулаест, ки дар он карбон дар холати пайвастаги дар шакли карбиди охан (цементит) ё карбидхои махсус мавчуд аст. Бинобар мурт будану хосияти пасти механики доштанаш Чуяни сафедро дар мошинсози хам истифода мебаранд.

Чуяни хаддодиро аз Чуяни сафед хосил мекунанд, ки он нисбат ба пулод хосияти демпфирии хуб дорад. Чуяни- хаддоди асосан дар автомобилсози, тракторсози ва сохтани мошинхои хочагии кишлок истифода мешавад. Чуяни аълосифат нисбатан сахт буда, онро дар натичаи модификацияи Чуяни моеъ (бо илова намудани Mg, Се, Са ва г.) ба даст медароранд. Барои истехсоли зонунавард, чархи дандонадор, шатун, муфта, пули акиби автомобил ва г. истифода мешавад. Чуяни легирони дар таркибаш гайр аз компонентхои мукаррари, иловахои махсус Сг, Ni, Mo, V, Ti, Al, Cu ва г. низ дорад, ки онхо хосилти гармибардори, магнитнокнашави, коррозияустувори ва диг. хосияти Чуянро мустахкам мекунанд. Чуяни легирони вобаста ба хосияти химиявиаш гуногун (хромдор, никелдор, алюминийдор ва г.) мешавад. Чуян тамгахои гуногун дорад, ки бо харфу ракам ишора мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …