Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / ЧАВГОНБОЗИ

ЧАВГОНБОЗИ

chavgonbozi

ЧАВГОНБОЗИ, навъи бозии спортиро гуянд, ки аз кадимулайём байни мардуми машрикзамин ва диг. халкхои олам маъмул буд. Бозии чавгон (Чавгони пиёда ё хоккейи болои алаф) хануз дар хазораи 2 то м. дар Миср, Эрон, Юнон, китъаи Америка, Япония ва г. вучуд дошт. А. 19 дар Европа клубхои хоккейи руи алаф пайдо шуданд; с. 1875 ассоциацияи Чавгонбозии Лондон коидахои бозиро тартиб дод. Аз с. 1908 (ба чуз солхои 1912 ва 1924) мусобикахои Чавгонбози байни мардон ва аз с. 1980 байни занон ба программаи Бозихои олимпи дохил карда шуд. Чавгонбози яке аз бозихои бостонии халки точик буда, таърихи хазорсола дорад. Дар сарчашмахои адабию таърихи, махсусан дар «Шохнома» рочеъ ба он маълумоти зиёде дода мешавад. Чавгонбози дар асрхои 9—10 байни точикон хеле маъмул буд. Бинобар зикри муаллифи «Таърихи Систон» дар регистони Бухоро мусобикаи Чавгонбози барпо гардидааст, ки дар он бештар аз 12 хаз. саворагон иштирок карда буданд. Дар байни точикон ду хел Чавгонбози.: савора ва пиёда маъмул буд. Дар Чавгонбозии савора ду даста бозингарон 4-нафари (2 наф. хучумкунанда ва 2 наф. мухофизатгар) мусобика мекунанд. Майдони бози 275X 150 б 230X130 м буда, бари дарвоза 4 м ва дарозиаш 152—156 см аст. Бози ба 6 давраи 15 дакикаги таксим мешавад. Чавгонбозии савора асосан да р РСС Точикистон (хусусан Помир), Озарбойчон ва Гурчистон мушохида мешавад. Чавгонбози пиёда бошад, дар тамоми мамлакатхо бо номи «хоккейи болои алаф» машхур аст. Аз с. 1972 командаи мардонаи Чавгонбозии пиёдаи Точикистон дар мусобикахо иштирок менамояд.            Я. Турсунов.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …