Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАВЧАВАДЗЕ Илья Григорьевич

ЧАВЧАВАДЗЕ Илья Григорьевич

chavchavadze-i

ЧАВЧАВАДЗЕ Илья Григорьевич (8. 11. 1837, Кварели—12. 9. 1907), нависанда ва ходими чамъиятии гурчи. Асосгузори реализми танкиди дар адабиёти гурчи. Аз оилаи князь. С. 1857 ба Университети Петербург дохил шуд. С. 1861 ба ватан баргашта, чараёни адабиёти революционию демократии гурчиро сарвари кард. Мухаррири г. «Иверия» (1877—1902), раиси правленияи Чамъияти драматургони гурчи (1879). Хангоми аз Тиблиси ба Сагурамо сафар карданаш аз тарафи чосусони хукумати подшохи кушта шуд. Дар достонхои «Руъё» (1859), «Чанд манзара. ё киссае аз хаёти рохзан» (1860) бехукукии халки мехнаткаш, низоъхои синфи ва табакави дар Гурчистон инъикос ёфтаанд. Дар бисёр шеърхои лирикиаш оханги ичтимои ба назар мерасад. Дар достони «Зохид» (1883) гояи ба чамъият хизмат карданро таргиб менамояд. Асархояш ба забонхои халкхои чахон тарчума шудаанд. Ба хотири Чичивадзе дар Сагурамо (1951), дехаи Кварели (1937) ва Тиблиси (1957) музейхои ёдгори кушода шудаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.