Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАКАМУГИХО

ЧАКАМУГИХО

ЧАКАМУГИХО, чиноракихо (Ranunculaceae), оилаи гиёххои як ё бисёрсола, баъзан нимбуттаву бутта ва растанихои лианамонанд (Clematis) -ро гуянд. Барги паррадор, хушагули чатршакл, саракмонанд доранд. Меваашон сертухми аксар «баргак» ё чормагзакмонанд, баъзан гучуммева ё гуза; тухмашон майда. Дар Точикистон 22 чинс (112 намуд)-и Чакамугихо (чакамуг, испарак ва г.) меруяд.

chakamugh

Аксар Чакамугихо (адрасмон, испарак, сиёхдона ва г.) алкалоид ва гликозидхо доранд. Баъзе Чакамугихо растанихои доруи, захрнок, ороиши, зироати хуроки чорво ва алафхои бегона мебошанд. Ниг. низ Бахоргул, Ачалгиёх, Девток.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 4. Л., 1975.        С. Юнусов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …