Маълумоти охирин
Главная / Илм / Бемории Нефрит

Бемории Нефрит

Нефрит (аз юн. nephros—-гурда), г л о м е р у л о н е ф р и т, бемории гурдаро гуянд, ки хангоми гирифтори ба он асосан калобачахои гурда иллат меёбанд. Нефрит ду хел мешавад: Нефритии диффузи ва чузъи. Дар вакти Нефрити диффузи хамаи калобачахои гурда ва хангоми Нефрити чузъи фа- кат як кисми калобачахо газак ме­гиранд. Нефрити чузъи бемории мустакил набуда, дар натичаи ягон просесси сироятии шадид ё музмин ба вучуд меояд. Нефрити диффузи шадид ва музмин мешавад.

Сабаби Нефрити шадид аксар беморихои сирояти (масалан, махмалак, ангина, саромос ва гайра) мебошанд, ки стрентококкхо меангезанд. Хангоми Нефрити шадид миёни бемор дард мекунад, баъзан харорат ва фишори хун кадре баланд мешавад, таркиби шоша тагйир меё- бад ва умуман бемор худро хаста хис мекунад. Одатан кудакон ва бачагони наврас (аз 12 то 15—17-сола) бемор мешаванд. Бемори 1—3 мох давом мекунад. Нефрити музмин аксар дар натичаи то охир табобат накардани Нефрити шадид пайдо меша­вад ва хар сари чанд вакт авч мегирад. Дар даврахои оромии он иштихо баста мешавад ва кас худро бемадор хис мекунад. Дар вакти авчгири бошад, вай ба уремия табдил ёфта метавонад. Хангоми хели дига­ри Нефрити музмин дар организми бе­мор ихтилоли мубодилаи сафедаю равган мушохида мешавад. Дар вакти Нефрити чузъи дар пешоб заррахои сурхи хун пайдо гардида, гурда варам мекунад ва фишори хун баланд мешавад.

Нефрологхои точик оид ба хусусияти клиникию морфологии Нефрит дар республика ва барои дарёфти усулхои нави табобати гломерулонефрити музмин тадкикот мебаранд.

М у о л и ч а: рафъи античисмхои бегона ё нест кардани лимфотситхои патогени (кортикостероидхо, тситостатикхо, хосилахои индол ва гайа); дар вакти сирояти стрентококкхо истеъмоли антибиотикхо ва дар дав­рахои оромии Нефрити музмин дар сохили чануби Дрим, Байрамали, Хочаобигарм ва курортхои дигар табобат кар­дан тавсия карда мешавад.

Ад.: Основы нефрология, т. 1—2, М., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …