Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / БОЗОРИ ЗАМОНАТИ

БОЗОРИ ЗАМОНАТИ

bozori-zamonatiБОЗОРИ ЗАМОНАТИ, бозори ипотеки, бозори дуюмин, ки кисми бозори сармоя мебошад. Вазифаи асосии Бозори замонати таъмини маблаггузории карзхои замонати аст. Дар Бозори замонати когазхои киматноки замонати – гаравнома (гаравхат), вомбаргу тасдикномахои замонати, шаходатномахои гарав ва гайра дар гардиш мебошанд. Когазхои кимат­ноки замонатиро муассисахои махсусгардонида, ширкатхои истехсолию молияви (корпоратсияхо, фондхо, агентихо) мебароранд. Бонкхо ба ин гуна ташкилот хукуки аз карзгир гирифтани гаравхатро мефурушанд. Ин имкон медихад, ки маблаг ба бонк бетаъхир баргардонда шавад. Хамзамон ширкатхои бароришу молияви дар асоси карзхои бадастоварда когазхои киматноки худро мебароранд. Онхо дар бозори фонд гардиш карда, ба Бозори замонати маблаги сармоягузорхоро чалб менамоянд. Амалиёти Бозори замонати бо максади ба даст овардани даромад аз хисоби хариду фуруши когазхои киматноки замонати сурат мегирад. Дар Бозори замонати бонкхои замонати ва тичорати, ширкатхои сугурта, фондхои маблаггузор, ки ба фирмахои сохтмон ва заминдорон карз медиханд, фаъолият менамоянд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …