Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОЗОН

БОЗОН

bozonБОЗОН (аз насаби физикии хинд – Ш. Бозе), бозе-зарра, зарраи кимати спинаш бутун (0, 1, 2,), Бозонхо бар хилофи фермионхо ба омори Бозе-Эйнштейн итоат меку­нанд, ки мувофики он шумораи дилхохи заррахои яксон дар як холати кванти карор мегиранд. Бозонхо бунёди ва таркиби мешаванд. Бозонхои бунёди кванти майдонхои калибри хастанд, ки бо ёрии онхо фермионхои бунёди (лептонхо, кваркхо) дар модели стандарти таъсири мутакобила мекунанд. Ба чунин Бозонхо фотонхо (таъсири мутакобилаи электромагнити), глюонхо (таъсири мутакобилаи пурзур), ва 2-бозонхо (таъсири мутакобилаи суст) мансубанд. Ба Бозонхои бунёди гравитон ва Бозони Хиггс низ тааллук доранд, ки мавчудияти онхо пешгуи шуда­аст, вале то хол дар тачриба ошкор нагардидаанд. Ба Бозонхои таркиби холатхои алокаманди дукваркии зиёд ман­субанд, ки мезонхо номида мешаванд. Мисоли дигари Бозонхо хастахои шумораи нуклонхояшон (протонхо ва нейтронхо) чуфт мебошад.

Адабиёт: Шварц А. С. Элементы квантовой теории поля. Бозонные взаимодействия. Москва, 1975; Мигдал А. Б. Фермионы и бозоны в силь­ных полях. Москва, 1978.                                                           

М. Холов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …