Маълумоти охирин

БОЗИЛ

images БОЗИЛ Мирзо Мухаммадрафеъ ибни Мирзо Махмуди Машхади (фавт 1173), ходими давлати ва шоири форсизабони Хиндустон. Падараш аз Машхади Эрон ба Хинд омада, дар хидмати давлат буд, баъдан писараш Бозил низ ба корхои давлати машгул шуд. Бозил, чунонки дар маъхазхои адаби омадааст, шоири газалсаро буд, вале маснавии хамосавии «Хамлаи Хайдари» ба у маъруфияти бештар овард. Маснавии мазкур бар вазни «Шохнома»-и Фир- давси дар умури динии Мухаммад (с) ва хулафои рошидин бар мабнои «Маъоризу-и-нубувват мадоричу-л-футувват»-и Муинуддин Мискини Фарохи (фавт 1547) дар 28 хазор байт нигошта шудааст. Маснавии Бозил нотамом мебошад. Бозил киссаи худро то замони вафоти халифа Усмон (р. а.) расондааст. Дар асрхои 17-18 шоирони Эрон ва шоирони форсизабони Хиндустон дар худуди 5 хазор байт ба навиштаи Бозил илова кардаанд. Аз Бозил инчунин асари мансур «Насри Бозил ё Иншои Бозил» (дастнависаш махфуз дар Осорхонаи миллии Покистон, шумораи NМ, 1963-266), «Эътикодия» – 15 банд хамду наът дастрас гардидаанд. Девони ашъораш пайдо нашудааст. Абёти зерин намунаи шеъри уянд:

Чи нишот бода бахшад ба мани хароб бе ту,

Ба дили гирифта монад кадахи шароб бе ту.

Ту чунон рамиди аз май, ки ба хоб хам наёи,

Ба кадом умедвори биравам ба хоб бе ту.

Ш. Мухаммадиев

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …