Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИИ САРЕЪ

БОЗИИ САРЕЪ

bozii-sareБОЗИИ САРЕЪ, як намуди бозии роич дар шохмот, ки хангоми он барои як дидор на беш аз як соат (ба хар як ракиб на беш аз 30 дакика) вакт дода мешавад. Коидахои Бозии сареъ соли 1987 дар Мачмаи кулли Федератсияи байналмилалии шохмот (ФБШ) дар шахри Севил ба тасвиб расидаанд. Ин коидахо чунинанд: 1) хар як бозигар вазифадор аст то замоне, ки на кам аз 5 дакика фурсат дорад, харакатхоро сабт кунад; 2) бозигар тугмачаи соатро бояд бо хамон дасте пахш кунад, ки мухра меронад; 3) агар парчами яке аз бозигарон сарнагун шавад, ракиби у бояд фавран соатро аз харакат боздорад ва барои сабти пирузии хеш доварро огох кунад; 4) агар парчами хар ду бозигар сарнагун ша­вад, ин дидор мусови эълон мешавад; 5) дар ин маврид дидорхо низ мусови шумурда мешаванд – агар дар руйи тахта факат боки монда бошад: а) ду шох мукобили хам; б) шохе алайхи шох ва як мухраи сабук (асп ё фил); в) шох ва филе алайхи шох ва фил, ки дар зимн хамранг низ бошанд; 6) илова бар ин нишондодхо яке аз ракибон хак дорад бо ин шароит дар бози дархости мусови кунад: а) харифи у танхо бо як шох мондааст; б) у кишти доими эълон мекунад; в) харифаш амалан имкони пирузи надорад. Дар асоси карори Мачмаи кулли ФБШ аз соли 1988 чемпионатхои Аврупо ва чахон оид ба Бозии сареъ барпо мегар­данд. Нахустин чемпиони чахон дар ин намуди шохмот А. Карпов мебошад.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …