Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИИ ХАМЗАМОН

БОЗИИ ХАМЗАМОН

bozii-hamzamonБОЗИИ ХАМЗАМОН, мусобикаи шохмоти оммави, ки дар он нафаре хамзамон бо чандин нафари дигар бози мекунад. Дар ин намуд бозихо, тибки коида, бозигари касбии сатхи баланд хатман бо мухрахои сафед бо гурухи бозигарони хаваскор ба ракобат мепардозад. Такрибан тамоми чемпионхои чахон махорати худро дар ин бози намоиш додаанд. Бозии хамзамон аз тадбирхои муассирест, ки ба воситаи он машгулиятхои маърифати ба монанди шохмот таргиб мешавад. Чунин бозихо барои шохмотбозони гайрикасби амалан имкони ягонаеанд, ки ба таври мустаким бо ракиби касбии сатхи баланд кувва озмоянд. Ин дар холест, ки бозигари касби неруи хешро то андозае дар баробари ракибони зиёд кохиш медихад ва барои бозигари хуб умеде ба пирузи фарохам меояд. Дар навбати худ бозигари касби аз чунин мусобика имкони пайдо кардан и дастмузд меёбад (ширкат барои хавасмандони ин мусобика, чун коида, маблаг мехохад).

Таърихи шохмот собик чемпионхои чахон – X. Капа- бланка, А. Алёхин ва М. Талро аз истеъдодхои бузурги Бозии хамзамон мешуморад. Дастовардхои устодон дар Бозии хамзамон бо мурури замон афзун мешавад. Чунончи, то нимаи аввали асри 20 рекорди шумораи дидорхо дар ин мусобикахо андаке бештар аз 100 буд, аммо гроссмейстери эрони Эхсони Коиммакоми 8 феврали 2011 дар Техрон тавонист хамзамон бо 604 нафар ракобат ва рекордшикани кунад. Ин мусобика 25 соату 5 дакика тул кашид ва Коиммакоми дар 580 дидор пируз шуд, 8 бозии дигар мусови ва танхо дар 16 бози бохт. Дар Бозии хамзамон боз як рекорди дигар дар Китоби рекордхои Гиннес сабт шудааст, ки он устоди шохмотбоз Жужа Полгари мачористонист. Полгар дар зарфи 16 соат тавонист 1136 дидорро анчом дихад ва нишондоди замонии у бо ин теъдод ракибон дар олами шохмот бесобика асг.

Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …