Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИХОИ ВАРЗИШИ

БОЗИХОИ ВАРЗИШИ

varzishБОЗИХОИ ВАРЗИШИ, навъи бозихои мусобикави. Бо ягон олоти варзиши (масалан, туби варзиши) бо истифода аз усулхои техникию тактики ба дарвоза ё майдончаи хариф задан ё партофтани туб. Мазмуну ташкили Бозихои варзиши ба тавассути коидахои расми ба низом медарояд. Аксарияти Бозихои варзиши аз мачмуи харакатхои табии, машкхои чисмони (дав, чахиш, партофтан, зарба задан ва гайра) иборатанд. Бозигар хангоми кувваозмои бо харифаш аз онхо истифода мебарад ва кувваозмои бо голибият анчом меёбад. Дар бисёр Бозихои варзиши варзишгарон бевосита алокамандона кувваозмои ме­кунанд. Бозихои варзиши аз сабаби содагии мазмун ва ташкил ба ширкатдорону тамошобинон таъсири эхсосоти (эмотсионали) расонидан васеъ пахн шудаанд. Бозихои варзиши тими (масалан, во­лейбол, гандбол, хамаи намудхои хоккей), инфироди (масалан, шохмот, шашка) ва тимию инфироди (масалан, бадмин­тон, голфу тенниси руйи миз, теннис) мешаванд. Бозихои варзиши дар байни одамони чинс ва синну солашон гуногун пахн шу­даанд. Одатан баъзе намудхои Бозихои варзиши кувваи зиёди чисмониро такозо доранд (масалан, туббози дар об, регби, хоккей). Коидахои баргузор намудани Бозихои варзиширо федератсияхои байналмилалии дахлдор тахия мекунанд. Бозихои варзишии миллиро фе­дератсияхои милли инкишоф дода, мусобикахои милли ва байналмилали доир мекунанд (нигар Федератсияи бай- налмилалии ассотсиатсияхои футбол (ФИФА), Федерат­сияхои варзишии Точикистон). Аз руйи Бозихои варзиши чемпионатхои чахони, минтакави, давлатхои алохида баргузор карда ме­шаванд. Бозихои варзиши ба барномаи Бозихои олимпи дохил карда шу­даанд. Дар як катор давлатхо билярд ва баъзе намудхои картабози, масалан, брич ва гайраро Бозихои варзиши мешуморанд.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …