Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИХОИ МИЛЛИ ВА МАРДУМИ

БОЗИХОИ МИЛЛИ ВА МАРДУМИ

bozihoi-milliБОЗИХОИ МИЛЛИ ВА МАРДУМИ, фаъолиятхоеянд, ки хамчун воситаи тафрехи ва дилхуши дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонхои кадим то имруз барои тарбияи варзиши, ахлоки ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд. Бархе аз Бозихои милли ва мардуми дар замони бостон (ахди Сосониён) роич буданд ва то имруз расидаанд. Дар китоби «Хусрав ва редак» (редак – гулом) номи бархе аз Бозихои милли ва мардумии точикон омадааст: расанвозиг – расанбози; занчирвозиг – занчирбози, дорвозиг – дорбози, морвозиг – морбози, чамнбарвозиг – чанбарбози, тирвозиг – тирандози, тосвозиг – тосбози (косабози), вандвозиг – бандбози, андарвойвозиг – муаллак задан, зинвозиг – чобуки ва махорат дар ба кор бурдани чангафзор, гуйвозиг — гуйбози, шамшервозиг – шамшербози, дашнавозиг – ханчарбози, варзвозиг — гурзбози, шишаквози – шишабози, яъне, бози бо пиёла ва сурохи; кабигвозиг – маймунбози, шатранч, нард, хаштбой ва гайра Як бахши мухимми Бозихои милли ва мардуми бозихои кудакон мебошанд. Ин бозихоро капонсолон ба кудакон ёд медиханд ва худи онхо раванди бозиро идора карда, онхоро ба рохи дуруст равона месозанд. Дар ин бозихо калонсолон таронахо хонда, суханхои шухиомези кудакона мегуянд ва харакатхои сода мекунанд. Масалан, бозихои сарак-сарак, хадурси, хавзак-хавзак, лелак-лелак, додари додарон, шутури лукка, абулакам, дорбоз, сагакум, огулакум аз чумлаи чунин Бозихои милли ва мардуми аст, ки калонсолон ба воситаи харакати панчаи даст, пой, лаб, дахон, киёфабози кудакро саргарм ме­намоянд. Бахши дигари Бозихои милли ва мардуми хосси наврасону чавонон буда, бештар барои нишон додани махорат, талошу кушиши дар байни хамсолон пайдо кардани мавкеи муайян раво­на карда шудааст. Онхо неруи аклони, чисмони, чусту чолоки ва тахаммули хешро дар чунин бозихо нишон медиханд. Атал-матал, Сафедчубак, Сангчабози, Тасмабози, Бодпарак, Бучулбози, Шудбур, Аспгирак, Каппа-каппабози, Ки зуртар, Яккалингбози, Гачабози, Лолачини, Давранишини, Рустшавакон, Тухмбози, Китфчанг, Зувбарак, Вачабпарак, Гушкашак, Мусичабози, Чумъабози, Гиргиракбози, Бандбози, Донакбози, Фалахмонбози, Камонбози, Лойбози, Колбози, Акколбози, Лаклакбози, Кабутарбози, Ланкабози, Аспакбози, Иштибози, Лаптабози, Тухмчанг, Хурусчанг, Сагчанг, Чахакбози, Алафдаравак, Лашбози, Таёкбури, Курабози, Харбузапухт, Равотбози, Чормагзбози, Подшохбози, Хаппакбози, Гушакбози, Аскарбози, Чистонгуи, Чистонбулбулон, Тутикал, Парид-парид, Мактаббози, Мехмонбози, Барфбози, Яхмолакбози, Кадама, Токизанак, Бингина, Тезгуяк, Кофиябози, Мушоира, Байтбарак, Нардбози, Шатранчбози аз чумлаи чунин бозихо мебошанд. Дар аксари ин бозихо духтарон хеле фаъолона иштирок менамоянд. Илова бар ин духта­рон боз бозихои махсуси худро, ба монанди лухтакбози (зочабози), арусбози, сангчабози, мехмонбози ва гайра до­ранд, ки дар байни писарбачагон мавчуд нест.

Бозихои милли ва мардумии Бузкаши, Пиёдакашак, Лаклакбози, Чавгонбози, Сараспа, Зарбузи, Кабак, Найзабози ва гайра бештар дар бай­ни калонсолон маъруф аст. Баъзе Бозихои милли ва мардуми намоишианд, ки аз замонхои кадим то имруз дар байни мардуми точик роич буда, аз чониби хунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халки дар маъракахо, махфилхо ва чашну идхо хамчун драмаи халки ичро карда мешуданд. Бозихои милли ва мардумии Дорбози, Масхарабози, Кофиябози (Аксия), Барфи, Ачинабози, Албастибози, Девбози, Шайтонбози, Гургбози, Сагирбози, Чайрабози, Укоббози, Кафтарбози, Бедонабози, Кабкбози, Кучкорбози, Аспакбози, Харбози, Шолбози аз чумлаи чунин бозихои намоиши буданд. Бозихои милли ва мардуми барои рушди акл, идрок, эхсос, тахайюл, ирода, диккат, хотира ва амсоли инхо сахми бузург мегузоранд.

Адабиёт: Турсунов Н. Бозихои сехаракати точики. Душанбе, 1961; Хамон. Бозихои миллии точики. Душанбе, 1983; Шермухаммадов Б. Назми халкии бачагонаи точик. Душанбе, 1973; Нурджонов Н. Традиционный театр тад­жиков. Ч 1-2. Душанбе, 2002; Dawoud Monchi – Zadeh, «Xurov I Kavatan иt Retak», in Мопитепttит Georg Morgenstierne II (=Acta Iranica, 22). Leiden, 1982.

Р. Рахмони.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …