БОЗИХОИ ГОИБОНА, чанд намуд аз мусобикахои шохмот, ки ширкатдорони он дар фосилаи муайяне аз хам карор доранд ва онхо бо истифода аз кумаки ин ё он васоити мухобира бо хам бози мекунанд. Бозихои гоибона бар чанд навъанд: бозии мукотибаи, мусобика аз тарики телеграф, мусобикаи телефони, мусобикаи радиои. Дар киёс бо шохмоти маъмули дар Бозихои гоибона назорати катъии замон (барои андеша ба хар харакат на соат, балки рузхо дар назар аст) сарфи назар шудааст; дар чараёни бози пешу пас рондани мухрахо, истифода аз комуси адабиёти шохмот ва гайра ичозат дода мешавад. Бозихои гоибона воситаи мухиммест барои такмили махорати бозигар, бавижа дар баррасии мавкеъхо ва омузиши назарияи дебютхо.
Адабиёт: Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.