Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИХОИ ДИДАКТИКИ

БОЗИХОИ ДИДАКТИКИ

didakticheskie_igriБОЗИХОИ ДИДАКТИКИ, бозихое, ки махсус барои амали гардондани хадафхои таълими бачагони синни томактаби ва хурди мактаби мукаррар шудаанд. Онхо кобилияти эхсос намудани шакл, андоза, ранг, чойгиршавии ашё дар фазо, мушохидакори, диккат, хотира, тафаккур, малакаи хисобкуни, нутк, тасаввурот оид ба мухити беруна ва дигар хусусиятхои равонии бачагонро инкишоф медиханд. Бозихои дидактики дар тарбияи маънавию ахлокии кудакон низ ахаммияти бузург доранд. Бозихои дидактики ба воситаи когазчахои ранга, картон, кутичахои расму харфдор, лото, манорачахои чуби ва гайра сурат мегиранд. Онхо дар кудакон эхсоси коллективизм, мустакили, хадафманди, рафтор мувофики меъёрхои чамъияти ва гайраро бедор менамоянд.

Адабиёт: Лугати тафсирии ислохоти педагогика. Душанбе, 1988; Кодиров К. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. X. Вожаномаи тафсирии истилохоти психологи ва педагоги. Душанбе, 2008.                     

X. Рахимов.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …