Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИХОИ БАЧАГОН

БОЗИХОИ БАЧАГОН

detskie-igryБОЗИХОИ БАЧАГОН, яке аз воситахои тарбияи фикри, ахлоки, чисмони ва зебоишиносии бачахо. Дар бози холатхои рухи: эхсосот, идрок, тафаккур, хаёл, хотира, ирода ва гайра инкишоф меёбад. Дар Бозихои бачагон мазмуни фаъолияти калонсолон инъикос меёбад ва онхо се хусусият доранд: бача бозиро озод ва бо майли худ ичро мекунад; дар бози ширкат карда, эчодкори менамояд; дар бози саргарм шуда ба завк меояд ва дар вай хисси дустию рафокат меафзояд. Бозихои бачагон ба бози бо бозичахо, бозихои таклиди, серхаракат ва бозихои дидактики таксим мешавад: 1) бози бо бозичахо асосан ба бачахои синну соли мактаби хос аст (масалан, шакшакабози, регбози ва гайра); 2) дар бозихои таклиди бачахо ба фаъолияти бузургсолон таклид мекунанд (ронанда, духтур, фурушанда ва гайра). Ин бозихо вокеахои мухити атрофи бачахоро акс менамоянд. Баробари камолоти бачахо бозихояшон хам мураккаб мешавад; 3) бозихои серхаракатро бачахо танхо ё гурух-гурух ичро мекунанд (масалан, чашмбандак, акколбози, аскарбози ва гайра). Ин бозихо бештар ба бачахои синни мактаби хос буда, саломатию иродаи онхоро мустахкам ва кобилияташонро афзун мекунанд; 4) бозихои ди­дактики барои тарбияи аклии бачахо ахаммият доранд ва бештар ба бачахои гурухи калони богча ва талабагони синфхои ибтидои хоссанд (лотобозихои махсус, чистон ва гайра). Дар ин бозихо эхсос, идрок, диккат, хотир инкишоф меёбад.

Адабиёт: Лугати тафсирии истилохоти педагогика. Душанбе, 1988.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …