Маълумоти охирин

БОЗИЧА

bozichaБОЗИЧА, ашё барои бозии бачахо мисли лухтак, туб, камонак, мошинча, образхои хайвонот ва парандахои аз чуб ва лой сохташуда ва гайра. Бозичахо дасти ва истехсоли мешаванд. Онхоро аз чуб, лой, охан, пластмасса ва гайра месозанд. Аз руйи истифода Бозичахо сенсори, образнок, истехсоли, техники, чамъияти-маиши ва гайра мешаванд. Бозичахо ба тарбияи фикри, чисмони ва зебоишиносии бачагон, ба­рои донистани хакикати олами атроф ёри мерасонанд. Бозича тафаккур, нутк ва хотираи бачагонро инкишоф дода, ташаббуси эчодии онхоро бедор мекунад. Навъ, хусусият, мазмун ва ороиши Бозича ба синну сол, инкишоф ва вазифахои мушаххаси тарбиявии он вобаста аст. Бозичахо дар шакли образхои одамон, хайвонот, олати мехнат, ашёи рузгор аз даврахои кадим маълум буданд: лухтакхои аз чуб ва матоъ сохташуда, шаклхои хайвонот, тубхои чармин ва гайра. Хар Бозича вазифаи ба худ хос дорад.

Адабиёт: Лугати тафсирии истилохоти педагогика Душанбе, 1988.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.