Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЗДОРИ

БОЗДОРИ

bozdoriБОЗДОРИ навъи сайд бо парандагони шикори. Истилохи «Боздори» аз калимаи «боз» пайдо шудааст. Дар сартосари Ховарзамин аз кадимулайём ахли фан нисбат ба дигар парандагони шикори ба боз (ё шохбоз) таваччухи бештар доштанд. Боз парандаи бумии Осиёи Маркази буд ва фанни шикор бо паранда аз хамин боз падид омадааст. Бинобар ин Боздори танхо ба боз хос набуда, ба мафхуми умумии шикор бо парандагони шикори ба кор рафтааст, чунки боз номи умумии чанд намуд парандагони сохибчанголи шикори (шохин, чарг, шункор, боша ва г.) аст (нигар Боз).

  Боздори собикаи бисёр кадим дорад. Ишороти афсонави ва бархе аз шавохиди таърихи хикоят мекунанд, ки Боздори (ши­кор бо парандагони шикори) воситаи саргарми ва варзиши хосси хукмронон ва бузургони Машрикзамини пеш аз ислом будааст. Бино бар накли Фирдавси, шохи асотирии Эрон Тахмурас нахустин касе буд, ки боз, шохин, юз ва сиёхгушро барои шикор ром кард. Дар бораи арзиш ва кадри боз дар машрикзамини пеш аз ислом Умари Хайём дар «Наврузнома» ривоят мекунад, ки дар маросими дарбории Навруз мубади мубадон хадяхои гаронбахое, аз чумла чоми зарини пур аз май, шамшер, асп ва бозе ба шох такдим мекард ва дар мавриди боз дар хитобаи худ чунин метуфт: «Шахо… бозат гиро бод ва хучаста ба шикор!»

  Дар даврахои баъди низ шикор бо боз мисли пешин саргармии амирону бузургони мамлакат буд. Амирони Сомони, султонхову бузургони силсилаи турку мугул, ки дар Машрикзамин, аз чумла Осиёи Маркази хукмрони кардаанд, ба Боздори шавки зиёд доштанд. Онхо дар дарбори худ ба унвони «Мири шикор» раёсате созмон медоданд. Дар «Наврузнома» дар ситоиши боз ва махбубияти он назди мулук омадааст: «Боз муниси шикоргохи мулук бувад аз бузургманиши ва покизаги. Ва пешиниён чунин гуфтаанд, ки шохи чонварони гуштхор боз аст ва шохи чахорпоёни гиёххор асп аст ва аз бахри ин хол боз ба му­лук махсустар аст, ки ба дигар мардумон. Ва мар-бозро хашматест, ки парандагони дигарро нест. Укоб аз вай бузургтар аст, валекин вайро он хашмат нест, ки бозро».

  Нигохдорандаи мургони шикориро «боздор» ва нигохубинкунандаи онхоро «бозвор» мегуфтанд. Нигохубини мургони шикори ба ухдаи гуломони бозвор буд. Онхо ба­рои тагзия ва таълими боз кабутар ва дигар парандагонро парвариш мекарданд. Фанни таълим вобаста ба навъи па­рандагони шикори зери салохияти боздор низ буд. Боз­дор аз кумаки мутасаддиёни сагони този истифода ме­кард. Онхо сагони тозии худро аз пайи оху ё харгуш сар медоданд ва боз ё чарг дар хаво чархзанону парвозкунон аз дастаи сагон пеш рафта, нахчирро «кур» мекарду аз харакат (давидан) бозмедошт.

  Боздори дар давраи Сафавиён низ равнак дошт. Шохаббоси аввал, ки монанди бобояш Тахмосби аввал шефтаи Боздори буд, ба бози махбуби худ лакаби «бози лаванд» дода буд. Соли 1622 хангоми шикор дар наздикии Натанз (Эрон) ин боз дар таъкиби кабке, ки аз бими чон худро ба даруни чохе афканд, дар об афтод ва пас аз соате, ки уро ба захмат аз чох берун карданд, мурд. Шох аз марги ин боз бисёр гамгин шуд ва ба волии Натанз дастур дод, ки бар фарози кухе аз самти шарки Натанз барои ин боз макбараи кучак, вале намоён бисозад. Ин макбара хануз бокист.

  Дар Шарк парандагони шикориро аз руйи ранги сиёх ё зардии чашмонашон табакабанди мекарданд. Парандаго­ни «сиёхчашм» танхо ба оилаи шохиниёни чашмашон сиёх тааллук доштанд. Инхо парандагони дарозболу баландпарвоз буданд. Аммо «зардчашмон», ки танхо бозёр онхоро тарбият мекард, беш аз анвои дигар барои шикор ба кор мерафтанд. «Зардчашмон» парандагони кутохболи баландпарвоз буда, махсус барои шикори парандаго­ни пастпарвоз истифода мешуданд.

  Дар бораи боз ва Боздори асархои зиёде таълиф шудаанд, ки бештари онхо то ба мо нарасидаанд. Ибни Надим дар асари худ «ал-Фехрист» дах асарро зикр кардааст (нигар Бозномахо). Маълумоти дакиктарро дар бораи боз ва хусусиятхои он дар «Наврузнома»-и Умари Хайём пайдо мекунем: «Анвои боз бисёр аст, валекин аз хама сапедчарда бехтар ва бози сурхфому бози зарди тамом; ва пас аз вай зард харистару тандурусттар, лекин бадху бувад ва ба колбад аз хама бузургтар бувад».

Равишхои сайд ва тарбияти хама парандагони шикори яксон будааст. Бозро дар чучаги, ки хануз пар набаровардааст ё вакти каме кувват гирифтану аз як шоха ба шохаи дигар ё аз як сахра ба сахраи дигар парида тавонистанаш, аз лона гирифта (бозхои болигро бо дом, тур ва г. мегирифтанд), зуд ба ром кардану тарбияти он мепардохтанд: аввал пилкхои чашмашро духта, онро гурусна нигох медоштанд, сипас батадрич пилкхои чашми вайро боз карда бо лукма-лукма хурондани туъма уро мефирефтанд, то ки руйи дасти бозёр нишинад. Вакте ки омухта мешуду ба нидои бозёр пеш омада, руйи дасташ менишаст, уро ба «шикорбанд» мебастанд ва он гох тарбияти у барои шикори ин ё он нахчир огоз мешуд. Вакте якин мукарданд, ки бози навомуз комилан ром шудааст, уро ба ду почабанд ва зангулахо мучаххаз мекарданд, сипас ба доштани «кулох» ва пушидани «кабо» одат медоданд ва баъд ба унс додани вай мепардохтанд, яъне, вайро соатхо дар кучаву бозор мегардонданд, то ба мардуму хаёхуи онхо ху бигирад. Пас аз он ки бо мардум, аспону сагон ва дигар чонварони хонаги унс мегирифт, вайро ба шикоргох мебурданд, то парандагони оби ё парандагоне аз оилаи капогро худаш озодона шикор кунад. Он гох бо бонги табле, ки хамвора ба зини аспи бозёр баста буд, бозмегашт ва уро ичозат медоданд, ки бо яке аз сайдхояш худро сер кунад. Боздори баъди пайдо шудани силоххои шикории нав тадричан мавкеи худро аз даст дод.

Адабиёт: Умари Хайём. Наврузнома. Душанбе, 2012

                                                                                                            Н. Шарапов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.