Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОТУЛИЗМ

БОТУЛИЗМ

botulizmБОТУЛИЗМ (аз юнони botulus – хасиб), аллантиа­зис, ихтиизм, аз чумлаи беморихои вазнин; захролудии шадиди сирояти аз хурок. Ботулизм дар натичаи аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани магзи дарозруя ва хароммагз падид меояд. Ангезаи Ботулизм – Clostridium botulinum дар мухити беоксиген (нигар Анаэробхо) рушд намуда, спораву захр хосил мекунад, ки такрибан 0,3 мкг-и он барои одам марговар аст. Ангезандахои Ботулизм бар 7 навъанд: А, В, С (Сα ва Сβ), D, Е, F, G. Барои инсон хусусан ангезахои навъи А, В ва Е хавфноканд. Захри ангезандаи Ботулизм (ботулотоксин) хангоми гарм кардан тачзия ва дар натичаи чушондан зуд махв ме­шавад. Ба ботулотоксин намаки ош таъсир намерасонад. Спорахои ангезанда хангоми чушонидан то 5 соат (дар харорати 105°С то 2 соат) махфуз мемонанд, аммо дар харорати 120°С баъди 20 дакика махв мешаванд.

Ботулотоксин ба воситаи луобпардаи меъда ва руда ба хун ворид шуда, мушакхоро бекор, рагхои хунро тангу фалач ва мурагхо (капиллярхо)-ро мурт мегардонад. Аз таъсири ботулотоксин хусусан нейронхои мухаррики хароммагз ва магзи дарозруя зуд хассос мегарданд.

Давраи нихонии Ботулизм аз 2-12 соат то 7 шаборуз аст. Огози бемори шадид аст. Сандуки сина дард карда, дилбехузури, кай, исхол пайдо мешавад, аммо зуд мегузарад. Харорати бадан муътадил, бемор бехол ва мушакхо заиф мешаванд. Бисёр вактхо аломати аввалини Ботулизм хушкидани дахон ва хира шудани чашм аст. Пеши чашмро «парда» ё «туман» мегирад. Вокунишн бемор ба рушнои суст ё умуман нест мешавад, гузаи чашми у бехаракат ва пилки боло овезон гашта, одам нофахмо ва бо бини харф мезанад. Окибати Ботулизм хатарнок аст.

Ботулизм дар асоси нишонахои бистари (клиники), маълумо­ти эпидемиологи ва натичахои санчиши лаборатори ташхис мегардад. Бемор хатман дар беморхона хобонда мешавад. Дар рузхои 1-3-юми бемори бо максади рабудани зарари захр аз зардоби зидди Ботулизм истифода мекунанд.

Ба Ботулизм бештар гирифтор шудани одамон дар Точикистон аз солхои 70 асри 20 шуруъ шуд. Дар беморхонахои мамлакат соле даххо хонавода бо ташхиси бемории Ботулизм бистари мегар­данд, ки сабаби он истеъмоли консервхои сабзавоти, хусу­сан боимчон, бодиринг, занбуруг, сир, каламфур ва карам аст. Ба хотири пешгирии Ботулизм риояи коидахои тайёр кардану нигахдошти консервхо хатмист. Истифодаи консервхои сарпушашон дамида ва зангзада катъан мамнуъ аст.

Адабиёт: Камардинов X. К. Беморихои сирояти. Душанбе, 2000; Хамон. Инфекционные и паразитарные болезни. Душанбе, 2009.

Э. Рахмонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …