Маълумоти охирин

БОТИН

botinБОТИН (араби — дарун, пинхон, роз), истилохест дар фарханги исломи рочеъ ба дорои маънои нухуфта ва асли будани ашёву мавчудот. Рочеъ ба Ботин дар тасаввуф назари­яи махсус вучуд дорад. Орифон Ботинро хештани хеши одами ва чахону инсон ва хама ашёву падидахоро дорои зохиру Ботин дониста, муътакид ба олами зохир ва олами Ботин, илми зохир ва илми Ботин, уламои зохир ва уламои Ботин, икомати зохири ва ботини, тахорати зохири ва ботини, неъматхои зохирию ботини ва гайра мебошанд. Аз нигохи онхо зохир шариат аст, Ботин – хакикат; икомати зохири риояи шариат ва икомати ботини нафйи мосиваллох аст. Олами зохир чахони хасти ва олами Ботин маънавиёти инсон аст. Масалан, Махмуди Шабистари шариатро пуст (зохир), хакикатро магз (Ботин) ва тарикатро равиши махсуси сайр аз зохир ба Ботин мешуморад:

Шариат пусту магз омад хакикат,

Миёни ину он бошад тарикат.

Илми Ботин дониш ба макнунот (чизхои пинхону нухуф­та), моварои махсусот, берун аз фахми аксари мардум, воридоти зехни ва ахволи калб дониста мешавад, ки хар кас ба воситаи тарбияи нафс ва мучохадаи зехни метавонад онро касб намояд. Илми Бахволро Хориси Мухосиби дар таълифоти худ муфассал баён кардааст. Хаким Тирмизи мафхуми ирфонии илми Бахволро дар таълимоти хикмати илохии худ ворид кард. Дар маъхазхо суфиён хамчун асхоби Ботин ёд мешаванд. Дар осоре, ки барои рохнамоии суфиён таълиф шудаанд, аз чумла дар таълифоти Абубакри Калобози, Абунасри Сарроч, Абутолиби Макки, илми Ботин ба хайси сарчашмаи аслии тасаввуф арзёби гаштааст. Имом Мухаммади Газзоли дар «Эхёу улуми-д-дин» илми Ботинро ба ду макула таксим мекунад: илми таскилу-л-калб (дониши зангорзудои аз дил), ки машк ва риёзати тарбияви буда ва илми мукошафа, ки ишроки худододи калб аст. Ибни Араби низ бар хамин назар аст. Аз нигохи Чалолуддини Руми инсонро зохире хаст ва ботине; Ботини инсон рухи уст, ки онро чон гуянд ва дидани он дастур нест. Шиори асосии тарикати накшбандия «Ба зохир ба халк ва ба Ботин ба Хак будан» аст. Яъкуби Чархи дар тафсири лафзи Куръонии «икомат» онро ду намуд: зохири ва ботини арзёби карда, икомати зохириро риояи ахкому мукаррароти шаръи ва икомати ботиниро нафйи мосиваллох медонад. Ба андешаи у ориф бояд зохиру Ботини худ­ро пок дорад ва аз илтифот ба гайри хазрати Улухият дур бошад, то Ботини у чун зохираш гардад.

Аз нигохи муътакидони назарияи Ботин сарчашмахои ас­лии исломи – Куръон ва Хадис дорои ду чанба: зохир ва Ботин буда, бояд бо такя ба хирад ва истифода аз шеваи мах­суси таъбиру тафсир дар паси зохир маънои хакикии оёту аходис чустучу карда шавад. Андарёфти маънои ботинии онхо ба хама муяссар нагашта, балки ин кор вежаи хавосси мардум аст ва авомуннос аз он махрум мебошанд. Барои чунин акида ба хадисе истинод карда меша­вад, ки тибки он Куръон дорои «захр» (маънои зохири) ва «батн» (маънои ботини) буда, батни он низ батне дорад, то хафт батн ва дар ривояте то хафтод батн. Хадиси мазкурро Чалолуддини Руми дар «Маснави» (дафтари сеюм) чунин тазмин кардааст:

Харфи Куръонро бидон, ки зохирест,

Зери зохир ботине бас кохирест.

Зери он ботин яке батни дигар,

Хира гардад андар у фикру назар.

Зери он ботин яке батни севум,

Ки дар у гардад хирадхо чумла гум,

Батни чорум аз нубо худ кас надид,

Чуз Худои беназиру бенадид.

Манзур аз зохири Куръон маънои аввали ва мафхумест, ки дар нахустин бархурд аз вожахои он дар зехн пайдо мегардад. Он махсуси авом дониста мешавад. Мурод аз батн маънои истилохии вожахо буда, махсуси хавос ба шумор меравад ва ба авом дахл надорад. Масалан, во­жаи «иставо» (Куръон: 2:29; 7:54; 10:3; 13:3; 20:5; 25:59; 32:4; 41:11; 57:4) аз чониби уламои дин ба шевахои гуно­гун ва дар баъзе мавридхо мухталиф тафсиру таъвил шу­дааст. Хадисхои кудси ва гуфтахои Пайгамбар (с) низ ба мисли Куръон аз лихози маъно ва мафхум дорои маротиб дониста мешаванд. Яке аз номхои накуи Худованд Бо­тин аст.

Дар баробари ин назарияи муътадил баъзе фиркахои тундрави дини, аз кабили кайсония ва харбия, рочеъ ба Ботин афкору акидахои ифроти баён доштаанд, ки мавриди интикоди шадид карор гирифтаанд. Исмоилия, ки ба як силсила таълимоти ботинии дорои чанбаи ошкоро сиёси-эътикоди таъкид меварзад, бо номи ботиния ё исмоилияи ботиния низ маъруф аст. Ибни Халдун сабаби чунин номи да шудани исмоилияро дар эътикоди он ба вучуди имоми Ботин ё имоми пинхон медонад.

Адабиёт: Руми Чалолуддин. Маснавии маънави. Душанбе, 2001; Шабистари Махмуд. Гулшани роз. Душанбе, 2011; Махмадуллоев С. Мавлоно Яъкуби Чархи. Зиндаги, осор ва афкор. Душанбе, 2013.

С. Махмадуллох.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …