Маълумоти охирин

БОТИНИЯ

botiniyaБОТИНИЯ (дарун, нихон), мачмуи фиркахои исмоилия, ки бар хилофи таълимоти зохирия маънои бо­тинии Куръонро таъвил мекунад. Инсон мавчудест ибо­рат аз руху модда ва табъан зиндагиаш низ бояд бар асо­си дучониба – модди (хаёти моддию дуняви) ва маънави (хаёти маънави ва човидони) танзим гардад. Дар хамин асос ботиниён иддао доштанд, ки баробари улуму фунуни расмии зохири, ки хадафи онхо рафъи ниёзхои зиндагии моддист, улуму маорифи хакики низ вучуд доранд, ки инсонро ба хаёти абадию човидони мерасонанд.

Мухаммади Газзоли толибони хакикатро ба 4 гурух – мутакаллимон, ботиниён, файласуфон ва суфиён чудо карда, рочеъ ба Ботинияи исмоилия таъкид мекунад, ки онхо ахли таълиманд ва аз тарики улуму маорифи имомони маъсум ба хакикатчуй мепардозанд, яъне, онхо дар айни ин ки ба аклу истидлол ахаммияти фаровон коиланд, ба таълими муаллимин ё худ имомон ниёз доранд:

Нихони ошкоро кас набинад,

Ба чуз таълими хурри номдоре.

Яъне, ботини умур маълуму ошкор намегардад, магар ин ки инсони комил ва озодае аз тарики таълим онро зохиру ошкор созад. Аз ин ру, андешмандони исмоили ба масъалаи ботин ахаммияти махсусро коиланд. Аз нигохи онхо, агар ботини умур бо рохи таълими имом муяссар гардад, ботини матнхои дини бо таъвилу тааммул сурат мегирад. Аз рохи таълиму иктибос аз имомон (пайрави аз аклгарои) ва таъвили матнхои Куръон (нигаристан аз оинаи зохир ба ботини ашё ва хакоики кулли хасти) касро аз хар гуна танокузу ихтилоф эмин нигох медорад. Носири Хусрав борхо дар ашъораш ба масъалаи таъвил ва ахаммияти он ишора кардааст, аммо Абуяъкуби Сичистони улуми хакикиро махфуз дар хизонаи гайби Худо­ванд медонад.

Ба акидаи Ботиния хар дине дорои ду чихат – зохиру ботин мебошад. Дарки зохири дин аз пайравони он риояи ахкоми шариатро такозо дорад, вале матни Куръонро дар батн ботине хаст ва он батнро низ ботинест, ки маротиби он то ба 7 батн мерасад. Вокиф шудан аз ин батнхо ноил шудани инсон ба моварои хичобхои зохириро ифода ме­кунад. Ба ибораи дигар, зохири дин ва Куръон калиде ба­рои шинохти ботинии онхо мебошад ва ба воситаи илми таъвил инсон метавонад аз сардаргумихои таърихию забоии ва рухию равони озод шуда, фаротар аз онхо биравад ва хакикати ботинии дурахшандаи хар динро, ки хамон хакикати мутлак аст, бишиносад. Хакикати мутлак на факат худро бар вучуди хар чиз дар чахон бар хасби истеъдоди пазириши он чилвагар мекунад, балки у, дар айни хол, руху ботини хар чизе низ мебошад. Ин матлабро яке аз суфиёни асри 12 Кошони чунин тасвир намуда, ки «хак дар хар мафхуме (ашё ё инсоне) ба хамон андозае зохир аст, ки истеъдоди сохиби фахми он уро такозо до­рад ва ба хамон андоза ботини ва нихону номаълум аст, ки истеъдоди сохиби маърифат чунин фахму донишро такозо надорад». Агар инсон он чиро, ки фаротар аз хадди уст, аз тарики фикр биталабад, калби у ба изтиробу инхироф меафтад, зеро танхо калб метавонад аз ин хад берун часта, ба дарки хакикати мутлак ноил гардад, чахонро сурату хувияти Хак ба эътибори исми зохир бидонад.

Ботиния на факат ба мачмуи фиркахои исмоили, балки ба акоиди суфиён ва дигар фиркаву чараёнхо низ марбут аст. Масалан, Шахобуддини Сухраварди дар ин бора навишта, ки «чун дидаи андаруни кушода шавад, дидаи зохир бар хам бояд ниходан ва лаб бар хама бастан ва ин панч хисси зохирро даст бояд кутох кардан ва хавосси ботинро дар кор бояд андохтан, то ин бемор агар чизе гирад, ба дасти ботин гирад ва агар бинад, бо чашми ботин бинад, агар шунавад, бо гуши ботин шунавад, агар буяд, завки вай аз хулки чон бошад. Чун ин маъни хосил омад, пайваста мутолаба (талаб)-и сирри осмонхо кунад ва аз олами гайб хар замон огохонида шавад».

Дар низоми вучудшиносии Ибни Араби хакро аз он сабаб руху ботини хар чиз медонанд, ки он хам дар зохир ва хам дар ботин тачалли хохад кард ва ашёву падидахои олами модди танхо сурати мукаййад (аразии)-и хакканд. Ибни Араби дар «Фусусу-л-хикам» менависад:. «Чунонки у дар маънои рух он чизест, ки зухур ёфта ва нисбати у ба он чи аз суратхои олам зухур ёфтааст, нисбати рухи тадбиргари сурат аст». Ба воситаи исмхои зотии Худо­ванд суратхои зотии исми илохи дар зехни Худованд пайдо мешаванд, ки онхо ду хусусият доранд: а) аз зоти Ху­дованд хамчун илми илохи ба вучуд омадааид ва б) гурухе аз ин сифатхо зимни тачаллии Хак дар олами модди хамчун махзари илми илохи тахаккук пайдо мекунанд. Бинобар ин Куръон Худоро латиф ва дар айни замон, хабир (аз хама чиз бохабар) мешуморад. Дар ин чо латиф ишора ба робитаи Хак бо ашёи зохирист ва хабир ишора ба алокаи у бо ботин (ё сурати куллии хастии хакикии дорои калб) аст.

Ботиния такрибан дар аввали асри 10 хамчун таълимот арзи вучуд кард, зеро Навбахти ва Ашъари барин муаррихони дину чараёнхои гояви номи онро дар осорашон зикр накардаанд, вале Абдулкохири Багдоди дар «Фарк байна-л-фирак» рочеъ ба Ботиния маълумоти кофи додааст. Бино ба маъ­лумоти маъхазхои таърихию гояви Ботиния такрибан дар ахди Аббосиён кувват гирифт ва бисёр андешамандон ба таъвилу тафсири Куръон пардохтанд. Яке аз чунин шахсон Хасани Саббох буд, ки дар Миср тарафдорони бисёре пайдо кард. Дар Хуросону Ирок ва Шому Эрон низ ботиниён ба воситаи доиёнашон ба таргиби таълимоти худ машгул буданд. Носири Хусраву Хасани Саббох «сохиби чазира» ё худ «хуччати чазира» (мартабаи бузургтарини исмоилиён) шинохта шудаанд. Аввалин доиён дар худуди Хуросон Абуабдуллохи Ходим ва Абусаиди Шерози бу­данд. Бино ба маълумоти Мухаммади Шахристони пайравони Ботинияро дар Ирок «ботиниён», «карматиён», «маздакиён», дар Хуросон «таълимиён» меномиданд, вале аксаран ботиниён худро «исмоилия» ном нихода буданд.

Муаллифи «Тадбиси Иблис» Ботинияро аз хашт фирка (бо­тиния, исмоилия, сабъия, бобакия, мухаммира, карматия, хуррамия ва таълимия) иборат медонад. Хамаи онхоро чунин акида муттахид месозад, ки гуё мохияти асосии Куръон ва илми ботинро Али ибни Абитолиб ва асхоби у хамчун ифодаи иродаи Илохи аз Мухаммад ба ирс гирифтаанд. Чараёнхои Ботиния вобаста ба диди гояви, мавкеи идеологи ва дарачаи таъбиру таъвил аз хам фарк мекар­данд. Ботинияи исмоилия аз Ботинияи шиахои ифроти ва шиахои ифроти аз Ботинияи тасаввуф тафовути зиёд доранд. Масалан, Ботинияи фотимиён бисёр унсурхои навафлотунияро пазируфта, анъанахои пешазисломиро ба тавассути шарху таъбири Куръон ба дини ислом хамчун афкори аклию истидлоли ворид намуда буд. Афкори ботинии суфиён аз Ботинияи исмо­илия бо он фарк мекард, ки намояндагони афкори ирфони бо рохи сайру сулуки суфиёна аз тарики тай намудани «макомот» ва «ахвол» дарки хакикатро имконпазир медонистанд ва чун хадафи Ботиния ва тасаввуф ягона аст, бо хам чихатхои муштараки фаровоне доранд.

Адабиёт: Петрушевский И. П. Ислам в Иране в 7-15 веках. Москва,  1966; Аш-Шахристани. Книга о религиях и сектах. Москва,  1984; Додихудоев X. Философия крестьянского бунта. Душанбе, 1987.

М. Хазроткулов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …