Маълумоти охирин

БОШ

boschБОШ (Bosch), ширкати умумичахонии олмони дар сохаи автомобилсози, ки соли 1886 сохибкор Роберт Август Бош дар шахри Штутгарт бо номи «Таъмиргохи механика ва электротехникаи дакик» ташкил кардааст. Ширкат аз соли 2013 дар чахор самти тичорати фаъолият мекунад: технологияи автомобили; технологияи саноати; молхои истеъмоли; технологияи сохтмон ва энергетика. Бош дар 150 мамлакат намояндаги дорад. Дар шабакаи умумичахонии «Бош Авто Сервис» барои корхонахои таъмири автомобилхои замонави кисмхои эхтиёти ва тачхизоти ташхиси истехсол мекунанд. Мувофики васиятномаи муассиси ширкат Роберт Бош 92 дарсади сармояи сихомии ширкат ба хазинаи хайриявии Robert Bosch Stiftung GmbH тааллук дошта, барои рушди маориф, тандурусти, илму фарханг ва гайра сарф мегардад. Машхуртарин тамгахои тичоратии Бош: Bosch, Buderus, Junkers, Dakon Hawera, Skil, Dremel, Roto Zip, Freud, Vermont American Bosch ва Siemens, Goggenau, Neff, Thermador, Constructa, Viva ва гайра. Бош фаъолияти худро дар худуди Шуравии собик танхо дар Руссия, Казокистон ва Украина ба рох мондааст. Дар бозорхои дохилии Руссия махсулоти Бош хануз соли 1904 пайдо шуда буданд. Баъди истиклоли давлати дар бозорхои Точикистон низ махсулоти Бош ба фуруш бароварда шуданд.

М. Тагоев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …