Маълумоти охирин

БОРПУШ

arusБОРПУШ, навъе аз чихози арус, намуди санъати ороиши амали. Борпуш порчаи калони гулдузи ё сузани аст, ки маъмулан барои рупушии тахти курпаву болишти навхонадорон тахия карда мешавад. Пас аз он ки арусро ба хонаи домод меоранд, кисме аз бисоти арусии у, мисли курпа, курпача, болишт ба болои сандуки чашни (туйи) ба тартиб тахт зада ва болои ин «тахти бисот» Борпуш кашида мешавад. Борпуш бо накшу нигор ва гулдузи ба сузани монанди дорад, вале онро махсус барои пушондани сандук ва чихози болои он тахтшуда медузанд. Дар баъзе нохияхои Точикистон Борпушро се руз руйи болини арусу домод густарда, пас аз гузаштани маросими чогундорон бо он болои рахти курпахои арусро мепушонаид. Борпуш аз чахор гуша гулдузи мешавад, астари онро махину реза бахядузи меку­нанд, ба хошияи он давродавр матои сиёх медузанд. Борпушро дар гузашта дасти гулдузи мекарданд, холо он бо мошини дарздузи низ духта мешавад. Борпуш аз лихози гулкорию накшу нигор анвои гуногун дорад ва дар радифи чодар, сузани, сардевори ва гайра чихози ороишии хонаи домоду арус ба шу­мор меравад. Голибан навхонадорон навъхои дилхохи худро ба дузандахо фармоиш медиханд.     

Р. Рахмони.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.