Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРОНХОХИ

БОРОНХОХИ

boronhohiБОРОНХОХИ, истиско, истимтор, маросими талаб кардани нузули борон дар мавридхои ниёзи сахт ба он. Парастиши худои борон ва эътикод ба фуруд овардани борон аснои таъхири он миёни кавмхову динхои гу­ногун аз ахди бостон роич будааст. Масалан, дар «Вандидод» Ахурамаздо ваъда медихад, ки ба замин борон биборонад, то барои мардуми имондор гизо ва барои говони судманд алаф биёварад. Кавмхои эрони ба эзадони об ва борон эътикод доштанд ва онхоро ниёиш мекарданд. Онхо аз Анахито, ки хам номи руде минуи ва хам номи фариштаи муваккали об аст, хангоми камоби таманнои борон мекарданд ва барояш курбони анчом медоданд. Чунин мепиндоштанд, ки у ба фармони Ахурамаздо ба­рои мардум аз фарози осмон борону барфу жола фуру мерезад. Дар Авесто («Тир-яшт») аз чидоли фариштаи борон ва деви хушки ба тафсил ёд шудааст. Беруни дар «Осору-л-бокия» овардааст, ки дар замони Фируз – бобои Анушервон чанд сол борон наборид ва хушксоли шуд. Саранчом Фируз ба оташкада рафта, намоз хонд ва сар ба сачда нихода, аз Худо хост, ки балои хушксолиро дур кунад. Баъди аз оташкада берун шудани Фируз абре аз осмон бархост ва чандон борид, ки мислашро то он руз надида буданд ва об хама чоро фаро гирифт.

Пеш аз ислом арабхо низ барои нузули борон ба шевахои гуногун васила мечустанд. Дар миёни кавмхои соми (бобилиён, иброниён, набатиён ва кабилахои сокини Арабистони Маркази) Аллох офаридгори осмонхо ва нозилкунандаи борон дониста ва ниёиш мешуд. Дар сарзамини Шому Хичоз кабл аз ислом хар гох ки борон намеборид, мардум ба Макка меомаданд ва дар он чо курбони анчом дода, аз Худо борон талаб мекарданд. Хамчунин дар миёни арабхои каблазисломи маросими Боронхохи тавассути оташафрузи («нору-л-истимтор») низ роич будааст. Тибки ин маросим ба думу похои говхои мода хезум баста, онро ба кух мебурданд ва оташ мезаданд; говхои вахшатзада ба хар су медавиданд. Гохе ба шохи говхо низ хезум баста, онро низ оташ мезаданд. Чунин мепиндоштанд, ки худоён ё муваккалони борон ба сабаби мукаддас будани говон ва изтиробу норохатии онхо ба зуди борон фуру мефиристанд. Илова бар ин, дар болои кух оташе азим афрухта, ба таклид аз раъду барк хаёху ва доду фарёд мекарданд. Бо зухури ислом ин маросимхо аз байн рафтанд.

Тибки таълимоти дини ислом ба машруияти Боронхохи оёт ва хадисхои сахех далолат мекунанд. Дар Куръон омадааст, ки катрахои борон ба амри Худо аз миёни абрхо фуруд меояд (30:48); Худованд аз осмон борони пайдарпай мефиристад (71:11); аз абрхои боронафшон оби резон фу­руд меорад (78:14). Барои Боронхохи хадисе ба ривояти Анас ибни Молик истидлол мешавад, ки Паёмбар (с) бо дархости марде даст ба дуо бардошт ва аз Худованд борон хост. Ба сабаби дуои мазкур як хафта паёпай борон бо­рид, сипас боз бо дархости хамон мард Паёмбар (с) дуо кард ва борон аз боридан бозистод. Тибки хадиси дигар ба ривояти Оиша (рз) Паёмбар (с) бар минбар хутбае хонду дуо кард ва дар он аз Худованд фуруд овардани боронро талаб кард. Сипас аз минбар фуруд омад ва ду ракъат намоз гузорид. Дар пайи ин дархол борони сел борид.

Дар ислом се навъи Боронхохи маъмул аст: 1) дуои алохидаи бидуни намоз ва кабл аз намоз; 2) дуои баъди намоз; дар хутбаи намози чумъа ва монанди он; 3) истиско бо ду ракъат намоз – хох бо чамоат бошад, хох ба танхои. Навъи ахир афзал ба шумор меравад. Боронхохи хам дар масчид ва хам дар хоричи масчид раво аст. Дар сурати ичобат нашудани истиско он такроран анчом дода мешавад. Барои Боронхохи хамрохи мардум баромадани имом суннат аст. Кабл аз хуруч барои Боронхохи гусл кардан ва ба ниёзмандон садака до­дан, пои пиёда ва бо тавозуъу тахашшуъу тазарруъ равон шудан; хангоми Боронхохи дар дуо дастонро ба суи осмон бардоштан, нимае аз дуоро бо овози баланд ва нимаи дигарро ба таври хуфя кардан, ба хешону пайвандони Паёмбар (с) ва солехону мусулмонони маъруфи ба такво тавассул чустан, тавассул чустани хар кас ба амалхои неки анчомдодааш, баромадани пирсолону нотавонон, кудакон ва баровардани чорво аз чумлаи мустахабботи Боронхохи дар ислом ба шумор меравад.

Дар таълимоти тасаввуф оид ба авлиё аз осмон бори­дани борон яке аз каромоти эшон арзёби шудааст. Хучвири дар «Кашфу-л-махчуб» меорад, ки «авлиёуллох волиёни олам буда, аз осмон борон ба баракати акдоми эшон меборад ва аз замин наботот ба сафои ахволи эшон меруяд». Хамин мазмунро Рузбехони Бакли низ дар «Шархи шатхиёт» баён доштааст.

Дар бисёр кишвархо мардум ба «санги борон» эътикод дошта, баъзе чирмхои аз осмон фуруафтодаро дорои хосияти бороновари мепиндоранд ва дар мавридхои хушксоли аз онхо борон талаб мекунанд. Миллатхои гуногун зимни Боронхохи амалхои марбут ба маросимхои мардумии худро низ анчом медиханд, аз кабили пасопеш пушидани либос, ба сару ру ва андоми якдигар пошидани об, чудо кардани модарон аз кудакону навзодон, мешхо аз баррахо, бузхо аз бузголахо; курбони кардани чорво ва гайра. Дар Алчазоир барои Боронхохи зиёфате барпо карда, зимни он гурухе ба ракс медароянд ва ба дахон об гирифта, онро ба осмон мепошанд ва бо доду фарёд борону фаровони металабанд. Арабхои сокини кишвархои Африкои Шимоли мар­де порсоро бидуни огохии пешакии у ба чашмаи об мепартоянд ва акида доранд, ки дар пайи ин амал борон меборад. Дар Туркия пас аз хондани намози истиско 700 ё 7000 дона рег (сангреза)-ро ба рудхона меандозанд. Зим­ни адои маросими Боронхохи арусакеро ба кор мебаранд, ки дар миёни мардуми хар сарзамин номи махсус дорад: онро туркманхои Киркуки Ирок «чумчагалин» (аруси кафгирак), мардуми Сурия «уммулкавс» (модари камон ё мохи кавс), Африкои Шимоли «алгунча», курдхо «букаборона», узбекхо «сусхотун» (шояд зани оби), туркзабонони Эрону Туркия «чумчачик» ё «купчачик», туркхои Туркия «купча галин» ё «Галин гук» (аруси гук) меноманд. Эъ- тикоди марбут ба Боронхохи дар миёни мардуми точик, аз чумла дар маросими мавсимии ашаглон то ба имруз омада расидааст.

Адабиёт: Ахмадов Р. Фолклори маросимхои мавсимии точикони Осиёи Маркази. Душанбе, 2007;

С. Махмадуллох.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …