Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОРКАШОНИ

БОРКАШОНИ

borkashoniБОРКАШОНИ, хамлу накл, дар хукуки граждани, навъи ухдадории марбут ба хамлу накли бор, багоч ва мусофиркашони, ки дар асоси шартномаи дахлдор анчом дода мешавад. Хусусияти шартхои хамлу накли бор, багоч ва мусофиркашони тавассути наклиёти алохида, инчунин масъулияти тарафхо оид ба чунин хамлу накл, агар дар Кодекси граждании Точикистон, оинномахо ва кодексхои наклиёт, дигар конунхо ё коидахои дар асоси онхо ирсолшуда тартиби дигаре пешбини нагардида бошад, мувофики созишномаи тарафхо муайян карда мешавад. Хусусияти ухдадорихои Боркашони дар он зохир мешавад, ки низоми наклиётии Точикистон аз нигохи муомилоти граждани ба тартиб дароварда шуда, онро ба талаботи хидматрасонии наклиёти мувофик месозад. Ба низоми миллии наклиёти Боркашонии Точикистон инхо дохил мешаванд: наклиёти рохи охан, дарёи, автомобилгард ва хавои. Ухдадорихои Боркашони аз манбаъхои муайяни хукуки бахра мегиранд. Мукаррароти умумии хамлу накли бор, багоч ва мусофиркашониро меъёрхои КГ муайян месозанд (банди 2 моддаи 804 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон). Дар баробари ин, муносибатхои Боркашониро Оинномаи наклиёти дохилии обии ИЧШС (15.10. 1955 тасдик шудааст); Оинномаи наклиёти рохи охани Точикистон (8.10.1998 тасдик шудааст); Кодекси бахрнавардии тичоратии ИЧШС (17.09.1968 тасдик шудааст); Оинномаи наклиёти автомобилии Точикистон (29.12.1985 тасдик шудааст); Кодекси хавоии Точикистон (аз чониби Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон 13.11.1998 кабул шудааст) ба танзим медароранд. Тибки шартномаи Боркашони боркашон вазифадор аст бори аз чониби борфиристанда ба у боваркардашударо ба махалли таъйинот расонад ва онро ба шахси барои гирифтани бор ваколатдор (боргиранда) супорад ва борфиристанда ухдадор мешавад, ки барои хамлу накли бор музди муайяншударо ба борка­шон пардохт намояд. Бастани шартномаи Боркашони бо тахияи борномаи наклиёт, коносамент ё дигар хуччатхое, ки дар оинномахои наклиёт ё кодексхо мукаррар шудаанд, тасдик карда мешавад (моддаи 805 Кодекси граждании Чумхурии Точикис­тон). Шартномаи Боркашони дутарафа ва музднок буда, аз лахзаи аз чониби борфиристанда супоридани бор ба боркашон басташуда эътироф мегардад. Аз ин бармеояд, ки ин шартнома ба гурухи шартномахои вокеи дохил мешавад. Факат дар наклиёти бахри шартномаи Боркашони, ки хамчун шартномаи фрахт ё чартер маълум аст, аломати консенсуали дорад. Шартномаи Боркашони шартномаи расми буда, хама вакт дар шакли хатти бо риояи катъии талаботи конунгузори ба имзо расонида мешавад. Илова бар ин, шартномаи Боркашони хислати умуми низ дорад (моддахои 548 ва 809 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ва моддаи 15 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи наклиёт») ва риояи шартхои зеринро такозо менамояд: 1) ба сифати боркаш бояд ташкилоти махсуси тичоратие вобаста шавад, ки хидматрасонияшро бо наклиёти истифодаи умум анчом медихад; 2) мувофики конунгузории наклиёти ё ичозатнома ин ташкилот функсияи боркашонии чамъияти дошта, ухдадор аст, ки зарурати Боркашонии хама гуна мизочро кабул кунад ва ичро намояд; 3) ин ташкилоти боркашон бояд ба номгуи ашхосе, ки дар он Боркашони тавассути наклиёти истифо­даи умум анчом дода мешавад, дохил гардида, номгуи чунин боркашон хатман бояд дар расонахои умум чоп карда шавад. Барои ичро накардан ё ичрои номатлуби ухдадорихо вобаста ба Боркашон дар Кодекси граждани, оинномахо, кодексхои наклиёти ва инчунин дар созишномахои тарафхо чавобгарихо пешбини шудааст (банди 1 моддаи 813 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон).

Адабиёт: Кодекси граждании Чумхурии Точикистон. Кисми 1. Душанбе, 1999. Хукуки граждани. Кисми 2. Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.