Маълумоти охирин

БОРИ

nomi-khudovandБОРИ, ал-Бори (араби – созанда, офаранда ва офаридгор), яке аз номхои Худованд. Вожаи Бори дар Куръон се бор (ду бор дар сураи Бакара, ояти 54 ва як бор дар сураи Хашр, ояти 24) ва дар суннати набави дар хадиси асмоуллох омадааст. Ихтилофи назари муфассирон дар маънои он аз ирчои калима ба яке аз ду решаи масдари баро (нокиси йои) ва бараа (махмузу-л-лом) маншаъ гирифтааст, ки аввали дар Куръон ба маънои офаридан ва аз адам (нести) ба вучуд овардан ва дуввуми ба маънои сохтан ба кор рафтааст. Баъзе муфассирон дар маънои онхо чандон фарк нагузошта, хар ду калимаро ба маънои муштараки офаридан донистаанд. Калимаи барийя 7(Куръон: 98:6,7) аз назари баъзе муфассирон асли йои дониста шуда, ба маънои офарида ва махлук ва калимаи набраа дар ояти 22 сураи Хадид махмузу-л-лом ба маънои сохтан – ба вучуд овардан ва шакли хасти бахшидан аст, ки дар ин сурат ба маънои фотир аст, на ба маънои холик. Калимахои хамрешае бо Бори бароат ва бари ба маънои пок ва бари будан низ дар Куръон (9: 1; 6;: 19, 78; 8:48; 9:3; 10:41; 11:35, 54; 26:216; 59:16) ба кор рафтааст, ки ба маънои Бори дахле надоранд. Бори ба маънои аввал – офаранда тобиши дигаре аз калимаи холик (офаридгор) – номи дигари Худованд бу­да, дар ояти 24 сураи Хашр (Уст Худои офаридгор) бавучудоранда (ва) суратбахш ва ба маънои дуюм: (Уст Ху­дои офаридгор) созанда (ва) суратбахш тафсир мешавад.

А. Бокизода.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …