Маълумоти охирин
Главная / Техника / БОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИ

БОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИ

shabaka-elektrikiБОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКИ, иктидори электрикие, ки аз хосили чамъи иктидори сарфкардаи хамаи кабулгархо (истеъмолкунандахо)-и энергияи электрикии ба шабакахои таксимотии силсила (система) пайвастшуда ва иктидори барои чуброни талафоти энергияи дар хамаи кисмхои шабакаи электрики (трансформаторхо, табдилдеххо, хатхои интиколи кувваи барк ва гайра) сарфшаванда иборат аст. Дар шабака вобаста ба вакт тагйир ёфтани иктидори истеъмолкунанда ё кувваи чараёнро гра­фики бор меноманд. Он чузъи (барои истеъмолкунандахои алохида) ва гурухи (барои гурухи истеъмолкунан­дахо) мешавад. Бори шабакаи электроэнергетикие, ки аз руйи иктидори истеъмол­кунанда муайян карда мешавад, бузургихои тасодуфи буда, бо баъзе эхтимолиятхо ба киматхои гуногун сохиб мегарданд. Истеъмолкунандахои энергия, одатан, на хамеша дар як вакт ва на хамеша бо иктидори пурра кор мекунанд, аз ин сабаб Б. шахри э. хамеша аз хосили чамъи икгидорхои чузъии истеъмолкунандахо кам мебошад. Нис- бати иктидори истифодашудаи зиёдтарин бар иктидори иловашударо зариби хамзамони, нисбати бори бештари- ни гурухи додашудаи истеъмолкунандахо ва иктидори мукарраршудаи онхоро зариби талабот меноманд. Бори шабакаи электроэнергетикиро бо микдори миёнаи бор (нисбат ба микдори энерги­яи дар ягон фосилаи вакт хосил ё истифодашуда бар давомоти ин фосилаи вакт) ва миёнаи квадратии Бори шабакаи электроенергетики (дар шабонаруз, мох, семоха, сол) муайян мекунанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …