Маълумоти охирин

БОН

bonБОН (Moringa olcifera), хуббулбон, як навъ дарахт. То 10 метр кад мекашад. Бон баргхои нозуку хушбуй дошта, аз донахои пистамонанди он равгани хушбуй (35-40%) мегиранд. Ба акидаи Абурайхони Беруни агар Бонро чушонанд, буйи баланд пайдо мекардааст. Равгани Бон аз бехтарин равганхои хушбуй аст. «Анбари бобон» (анбари омехта бо Бон) яке аз хушбихои машхури кадимист. Абуалии Сино бо равгани Бон дарди гушро табобат мекард ва доги кунчитакро меравонд. Донаи Бонро чун доруи хунбанд ва барои муоличаи иллати сипурзу чигар исти­фода мебурд, мархамашро ба хар гуна омосу озах мебаст. Бонро дар Хиндустон ва Покистон аз кадим парвариш мекунанд. Мева (гилофак)-и наврасашро чушонда ё бирён карда мехуранд. Аз он мураббо низ мепазанд. Шохчаи наврас ва гулашро чушонда чун хуриш истифода мебаранд. Барги Бонро бо максади хушбуй кардан ба таом меандозанд. Пустлохи Бон чун воситаи обутобдихии орга­низм кор фармуда мешавад, аз гули он гизо тахия мекунанд ё якчо бо дигар хуришхо истеъмол менамоянд. Гули Бон калий ва калсийи бисёр дорад. Барои ахолии баъзе кишвархои кафомонда Бон гизои асоси аст. Кариб хама кисмхои он истеъмол карда мешавад. Дар таркиби барги Бон нисбат ба афлесун витамини С хафт баробар бештар аст. Он нисбат ба шир чахор маротиба бештар Са дорад. Тухми Бон бактерияхоро махв месозад. Онро барои тоза ва безарар кардани об истифода мебаранд.

Бино ба маълумоти аюрведаи хиндухо, барги Бон давои 300 бемори аст. Аз Бон олимони Хинд антибиотики «птеригоспермин» гирифтаанд. Аз лифаш когаз ва ресмон (аргамчин) тайёр мекунанд. Пустлохашро барои даббоги ва истехсоли ранг ва равганашро дар техника, тиб ва атриёт истифода мекунанд.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …