Маълумоти охирин

БОНУС

bonusБОНУС (лот. bonus – неку, хуб), подоши изофи, чоиза, изофапули ба маош, мукофотпули дар шаклхои пули ва моли. Одатан ин мафхумро хамчун подоши иловаги ё чоиза тафсир медиханд. Бонус воситаи муносиби хавасмандсозию таъсирбахши ба кормандон буда, як ё ду маротиба дар шакли пули ва гайра пардохт мешавад. Дар сугурта, тичорат ва гайра тахфифи иловагиест, ки барои харидор пеш­ниход мегардад. Дар дигар холатхо тахфифи иловагиест, ки аз чониби фурушанда, мугобики шартхои муомила ё созишномаи алохида пешниход мешавад. Хамчунин, он­ро ба маънии бахраи хисобии изофи истифода мебаранд.

Адабиёт.: Большая советская энциклопедия. Т. 3. Москва 1970; Экономиче­ская энциклопедия. Москва, 1999; Деньги, кредит, банки (учебник) / Под ред. Жукова Б. Ф. Москва, 2009.

Р. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.