Маълумоти охирин

БОННАР Абел

abel-bonnarБОННАР Абел (1883, Пуатйе – 1968, Мадрид), нависандаи фаронсави. Фаъолияти эчодиашро аз рузноманигори огоз намудааст. Ба калами у китобхои «Укёнус ва Бразилия», «Фаронса ва фарзандони гумноми у» (хар ду 1919), «Бачаги», «Марокаш» (хар ду 1929) ва гайра тааллук доранд. Боннар ба «Шохнома»-и Фмрдавси таваччухи хос дошт. Соли 1908 достони хамосие бо номи «Шохи Форс» таълиф намуд. Вокеахои дар ин достон тасвиршуда ба достони «Рустам ва Сухроб»-и «Шохнома» монанд мебошанд. Дар асари Боннар низ ба мисли Гурдофарид сипохизани сохибчамоле амал мекунад. Ба муносибати хазораи Фирдавси (1934) Боннар маколае нигошта, Хомери юнони ва Фирдавсиро «ду куллаи бародар» хондааст.

Адабиёт: Шокир Мухтор. Адабиёти точик дар Франция. Душанбе, 1985

Ш. Мухтор.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …