Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД

idbБОНКИ ИСЛОМИИ РУШД (Islamic Development Bank), созмони байналмилалии молияви дар шахри Чиддаи Арабистони Сауди. Бонки Исломии Рушд 18 декабри 1973 дар конференсияи аввали вазирони молияи кишвархои аъзои Созмони конфронси исломи бунёд шуда, фаъолияти худро 20 октябри 1975 огоз кардааст. Сармояи Бонки Исломии Рушд аз хисоби хакки узвияти кишвархои аъзои он ташаккул ёфтааст. Айни за­мон иттиходи Бонки Исломии Рушд ташкил ёфтааст, ки ба он созмонхои Иттиходияи исломи оид ба рушди бахши хусуси, Иттиходияи исломи оид ба сугуртаи сармоягузори ва карзхои содироти, Институти тахкикоти ва омузиши исломи, Иттиходияи байналмилалии тичорати – молиявии исло­ми дохил мешаванд ва хар кадом вазифахои муайяни ху­дро доранд. Максади асосии Бонки Исломии Рушд мусоидат намудан ба рушди иктисодиёти кишвархои аъзои он ва чахони исломи дар асоси конун ва коидахои шариати исломи мебошад. Вохиди пули Бонки Исломии Рушд – динори исломи.

Сармояи хусусии Бонки Исломии Рушд 15 млрд динори исломиро ташкил медихад. Айни хол 56 давлати дунё узви Бонки Исломии Рушд буда, Чумхурии Точикистон аз соли 1996 (дар мачлиси солонаи Бонки Исломии Рушд дар шахри Конакрии Гвинея) узви он гардидааст. Хамкории Точикистон бо Бонки Исломии Рушд аз соли 1998 огоз гардида, карзхои он дар пешрафти иктисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Карзхои аз чониби Бонки Исломии Рушд пешниходшаванда барои баркарорсозии мактабу беморхонахо, хариди тачхизот ва сохтмони иншооти нави Точикистон масраф гардидаанд. Аз чумла кисми зиёди рохи мошингарди Кулоб-Хоруг-Кулма то сархадди Чин аз хисоби маблагхои Бонки Исломии Рушд ва шарикони он бунёд ва азнавсози шудааст.

Адабиёт: Рахимзода Ш. Муомилоти пули ва карз. Душанбе, 2008; Егоров А. В. Международная финансовая инфраструктура. Москва, 2009.

Ш. Рахимзода. 

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.