Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНИФАСИО Андрес

БОНИФАСИО Андрес

bonifacioБОНИФАСИО Андрес (29.11.1863, Манила – 10.51897, Марогондон, музофоти Кавит), яке аз рохбарони чунбиши милли-озодихохи ва Кахрамони миллии Филиппин. Хангоми фаъолияти худ дар яке аз ширкатхои англиси дар Манила бо акидахои истиклолхохии X. Рисил ошно шуда, ба Лигаи Филиппин дохил гардид. Хамчунин Бонифасио дар чунбишхои истиклолхохи ва ислохоти сиёси ширкат дошт. Баъди бархамхурии Ли­гаи Филиппин бо максади сарнигун сохтани низоми мустамликавии Испания дар Фи­липпин Бонифасио Анчумани миллигароии Катипунинро (1892) дар шахри Манила таъсис дод, ки соли 1896 шумораи аъзои он ба 100 хазор расид. Бонифасио барномаи Катипунинро бо номи “Дах васияти фарзандони ватан” тахия кард, ки хадафи сарнигун кардани низоми мустамликавии Испанияро дар Филиппин дошт. Дар огози вокеахои инкилобии Филип­пин (1896) Бонифасио яке аз сарварони он ба шумор мерафт, вале дар мухорибахои харбии зидди Испания муваффак нагардид. Минбаъд дар муборизахои инкилоби яке аз хамсафони у Э. Агиналдо шухрат пайдо карда, Бонифасио расмияти президент эълон гардидани уро (1897) эътироф накард. Бонифасио дертар ба хукми катл махкум гардид, баъдан хукмаш ба махбаси доими иваз шуд ва дар зиндон фавтид. Хар сол рузи 30 ноябр бузургдошти Бонифасио дар Филиппин тачлил кар­да мешавад. Бонифасио шоир хам буд ва аз у осори манзуми ватандустона боки мондааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.