Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович

БОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович

bongard-levin-grigorij-maksimovichБОНГАРД-ЛЕВИН Григорий Максимович (таваллуд 26.08. 1933, Маскав), яке аз муаррихон ва шаркшиносони рус. Дар оилаи кормаиди илми таваллуд шудааст. Хат­мкардаи факултаи таърихи Донишгохи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1956). Аз соли 1956 корманди илмии Институти шаркшиносии АИ ИЧШС. Рочеъ ба таъри­хи пайдоиш ва умури идории империяи маврхо, хусу­сиятхои сохтори асосии империяи номбурда, таърихи Хинд ва дигар масъалахои таърихии марбут ба даврони бостон асару маколахои бунёди навиштааст. Муаллифи китобхои таърихию тахкикотии «Хиндустони ахди кадим» (1985, бо хаммуаллифии Г. Ф. Илии), «Аз Скифия то Хинд» (1983, бо хаммуаллифии Э. А. Грантовский) ва гайра мебошад. Ширкаткунандаи чандин конференсияву симпозиумхои байналмилали дар мавзуъхои таърихи Шарки бостон ва тамаддунхои гуногуни он, хамчунин оид ба масъалахои антропология ва мардумшиноси дар Халле (1953), Маскав (1960), Дехли (1964), Порис (1967,1968) ва гайра.

Осор: Паришад в системе государственного управления импе­рии Маурьев//Древний Мир. Москва, 1962; Древние культуры//Народы Южной Азии. Москва, 1963; Легенда о Кунале. Москва, 1963.; Некоторые чер­ты сословной организации в чанах и санхах древней Индии//Касты в Индии. Москва, 1965.                                                           

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.