Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОНДАРЕВ Юрий Василевич

БОНДАРЕВ Юрий Василевич

bondarevБОНДАРЕВ Юрий Василевич (таваллуд 15.3.1924, шахри Орски вилояти Оренбург), нависандаи рус. Ширкатку­нандаи Чанги Бузурги Ватани (1941-45) аз августи 1942. Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1984). Хатмкардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1951). Хикояхои нахустинаш соли 1949 дар матбуот чоп шуда­анд. Мачмуаи нахустинаш – «Дар дарёи калон» (1953), повести нахустинаш – «Командирони чавон» (1956). Мавзеи асосии эчодиёти Бондарев дар хикояхо, повестхо ва романхояш Чанги Бузурги Ватани (1941-45) мебошад. Дар повестхои «Баталйонхо ба хучум кардан даъват мекунанд» (1957), «Тирборони охирин» (1959), романи «Барфи гарм» (1969) ва гайра. Бондарев кахрамонихои аскарон, афсарон, генералхои шурави, инчунин авзои рухии онхоро бо махорати баланд тасвир намудааст. Дар романхои «Хомуши» (1962) ва идомаи он – романи «Ду нафар» (1964) вокеаву ходисахои давраи баъд аз чанг, саргузашти кахрамонони ба давраи осоиш расида ва мавкеи худро дар зиндаги чустани онхо инъикос ёфтааст. Дар хикояхои мачмуа «Шомгох» (1962), повести «Хешовандон» (1969) Бондарев аз зиндагию омоли чавонони шурави хикоя кардааст. Бондарев яке аз муаллифони сенарияи филми «Озоди» (1970, дорандаи Мукофоти ленини, 1972) мебошад. Дар романи тетралогия (чоргона)-и «Сохил» (1975, Мукофоти давлатии ИЧШС, 1977), «Интихоб» (1980; Мукофоти давлатии ИЧШС, 1983), «Бози» (1985), «Санчиш» (1991) масъалахои мухимми ичтимои, сиёси ва маънавии давр (солхои 70-80 замони шурави) матрах гардидаанд. Дар ин асархо инчунин мавзуи Чанги Бузурги Ватани (1941—45) яке аз мавзуъхои асоси мебошад. Умуман дар тамоми осори Бондарев низоъхои драмавии тезу тунди маънави, ичтимои ба миён гузошта шуда­анд. Аз руйи асархои Бондарев «Тирборони охирин» (1961), «Хомуши» (1964), «Сохил» (1984), «Барфи гарм» (1972) филмхо офарида шуда, пешкаши тамошобинони собик ИЧШС гардида буданд.

Бондарев дар анвои дигари адаби – эссехои импрессионисти «Лахзахо» (1977-82), романи публитсисти дар мавзуи руз «Салохиятчуи» (1994-96), китоби андешахо оид ба мавкеи адабиёт дар раванди таърих «Чустучуи хакикат» (1976) ва гайра низ асархо офаридааст. Бо ду ордени Ленин, орденхои Револютсияи Октябр, Байраки Сурхи Мехнат, Чанги Ватани (дарачаи II), «Нишони Фахри» сарфароз гадидааст.

Осор: Собрание сочинений в 8 томах., Москва, 1993-96; Избранное. Москва, 2004.

Адабиёт: Горбунова Е. Ю. Бондарев: Очерк творчества. Москва, 1989.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.