Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОНАПАРТИЗМ

БОНАПАРТИЗМ

bonapartizmБОНАПАРТИЗМ, сиёсатест, ки дар натичаи бухрони сиёсии чомеа яке аз гуруххои кудратгалаб вазъи баамаломадаро истифода намуда, бо ёрии артиш ё нерухои низомии дигар хокимиятро сохиб мешавад. Сараввал истилохи Бонапартизм барои ифодаи диктатураи харбии Наполеон Бона­парт ва Луи Бонапарт истифода шуда, дертар маънии фарохтари сиёсати эътимодбахши харбиеро гирифт, ки дар миёни гуруххои кудратталаб мохирона амал намуда, хокимиятро ба даст меорад. Бонапартизм усулан сиёсатест, ки дар байни манфиатхои ичтимои ва сиёсии гуруххо амал на­муда, хар гуна оппозитсияи сиёсиро ва диккати мардумро аз масъалахои дохилию беруни ба сиёсати экспансионисти чалб менамояд. Мафхуми Бонапартизм аз насабу сиёсати кудратталабии Наполеон Бонапарт гирифта шуда бошад хам, ин гуна ходисахо дар таърих борхо то замони Напо­леон руй додаанд. Дар илм чунин руйдодхоро бо мафхуми «сезаризм» низ ифода намудаанд, ки сухан аз боби ба кудрат расидани сарлашкари машхури руми Юлий Сезар меравад. Бонапартизм хамчун чараёни сиёси асосан манфиатхои буржуазияи хукмронро ифода менамуд. Буржуазия дар натичаи бухрони шадид ва вазъи ногувори чомеа хокимияти хешро ба диктатураи харби месупорид, ки он усули шакли монархияи номахдуд буда, арзишхои демократиро бо ном нигох медорад, вале асосан ба зуровари ва неруи артиш такя менамояд. Бонапартизм хамчун кудрати идори дар фаъолияти худ хусусиятхои генезиси инкилоби ва мохияти иртичоиро фарохам меорад. Аз он хотир Бонапартизм пайдоиши инкилобгарои дошта, хамзамон кушиши тачассуми монархияи ичтимоиро менамояд ва ба боварию пуштибонии доираи васеи мардум такя мекунад. Бехуда нест, ки Бонапартизм чун низоми сиёси дар халли мушкилоту монеахои чомеа бештар ба фазлфурушию суханпардози такя мекунад.

Дар шароити кунунии инкишофи таърихи тахти мафхуми Бонапартизм диктатурахои харбие ифода мешаванд, ки ба хукм­ронии хизби ва гояхои идеологи вобастаги доранд (масалан, диктатураи Пиночет дар Чили). Яке аз шаклхои Бонапартизм фашизм ба шумор меравад, ки аз руйи мазмуну мохият ва пайгирии низоми ичтимои ба хамдигар каробат доранд.

Адабиёт.: Политология: энциклопедический словарь / Общ. ред. и сост.: Ю.И. Аверьянов. Москва, 1993; Маркс К. Восемнадцатое брюме­ра Луи Бонапарта// Маркс К. и Энгельс Ф. Соч. 2 изд. Т. 8; Энгельс Ф Действительные причины относительной пассивности француз­ских пролетариев в декабре прошлого года// Соч. 2 изд. Т. 8; Хамон. Роль насилия в истории//Соч. 2 изд. Т. 21; Ленин В. И., Об оценке текущего момента//Полн. собр. соч. 5 изд. Т. 17; Хамон. Начало бонапартизма// Полн. соб. соч. 5 изд. Т. 34; Хамон, За деревьями не ви­дят леса// Полн. соб. соч. 5 изд. Т. 34.

Г. Зокиров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …