Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / БОМГУРА

БОМГУРА

bomguraБОМГУРА, деха дар чамоати дехоти Чуянгарони шахри Вахдат. Аз Бомгура то маркази шахри Вахдат 17 км; рох автомобилгард. Ахолиаш 2071 нафар (2013). Деха нуктахои савдои хусуси дорад. Бомгура мактаб надорад. Талабагон дар мак­таби дехаи Амоншайхи тахсил мекунанд. Сохахои асосии хочаги: богдори, пахтакори, чорводори ва сабзавоткори. Заминхо аз нахри Рохати обёри мешаванд. Бомгура аз солхои 1916 бо номи Охкаппа (иборат аз мавзеъхои Коргарони Сурх, Мехнатобод ва Сулх) вучуд дошта, мактаби ибтидои ва 7-сола, хочагихои ба номи «Чакирбой», «Махмарачаббой», «Самандар» ва «Сайд» будааст. Аз сабаби дар мавзеи дурдаст чойгир будани деха соли 1949 Рахимов Нарзулло ном шахс бо супориши хукумати онвакта ахолии дехаи Охкаппаро ба мавзеи сари рох кучондааст ва он Бомгура ном гирифта, дар хайати колхози «50-солагии Комсомол» (минбаъд колхози Чавони) карор доштааст. Айни замон дар худуди Бомгура кооперативи истехсолии «Шоразми Боло» ва 22 хочагии дехконии инфироди мавчуд аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …