Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОМБААФКАН

БОМБААФКАН

bombaafkanБОМБААФКАН, бомбапарто, бомбаандоз, хавопаймохои харби барои махв кардани хадафхои руйизамини, зеризамини, руйиоби, зериоби ва минагузори аз хаво. Бомбаафкан кабл аз огози Чанги якуми чахони (1914-18) пайдо шудааст. Аввал самолётхои сабуки иктишофи (разведкакунанда)-ро чун Бомбаафкан истифода мебурданд. Дар дохили онхо факат чанд бомбаи хурд чойгир мешуд ва бомбахоро хавонавардон бо даст мепартофтанд. Дар ин солхо барои бомбапартои дирижаблхоро низ истифода мебур­данд. Нахустин Бомбаафкани мукаммал самолёти чормухаррикдори «Иля Мурометс» буд, ки аз тарафи Игор Сикорский соли 1913 сохта шудааст. Дар он бомбахоро хам дар дарун чойгир мекарданд ва хам аз берун меовехтанд. Бомбаборонкунии аввалини Порис 30 августи 1914 рух дода­аст. Ба Англия бори аввал 4 ноябри 1914 хавонавардон Каспар ва Росса бомба партофтанд. Дар Олмон нахустин Бомбаафканхо (G-III, G-V) соли 1916 дар ширкати «Гота» аз тара­фи ихтироъкори олмони Ферденанд фон Сепелин, авиаконструкторон Эрнст Хейнкел, Адолф Рорбах ва дигарон сохта шуданд. Нахустин Бомбаафкан дар ИМА (МВ-1) аз чониби асосгузори хавопаймосозии амрикои Глен Мартин сохта шуд, ки 17 августи 1918 ба хаво парвоз кард. Бомбаафканхо чабхаи (дар аввал онро тактики меномиданд) ва дурпарвоз (стратеги) мешаванд. Доираи амалиёти Бомбаафканхои чабхаи (Су-24, Су-34) хурд буда, асосан барои зарба задан ба акибгохи амалиётии душман пешбини шудаанд. Хадафи Бомбаафканхои дурпарвоз (Ту-160, Ту-95, Ту-2243 – Руссия; Н-6 – Хитой, В-52, В-1, В-2, – ИМА) махв кардани нуктахои мухимми амалиёти ва стратегии душман, масалан, анборхо, пул­хо, заводу фабрикахо, бандархо ва гайра мебошад. То огози Чанги дуюми чахони Бомбаафкани вазнин Боинг В-17 «Флайн Фортресс» («Калъаи парвозкунанда»)-и амрикои ва тезсуръаттарину баландпарвозтарин Бомбаафкан дар чахон Бомбаафкани амрикоии Консолидейтед В-24 «Liberator» («Озодкунанда») буд. Дар Чанги дуюми чахони (1939-45) наздики 100 навъи мухталифи Бомбаафкан, аз чумла Бомбаафканхои чабхаии шуравии Пе-2, англисии Де Хевиленд «Москито», амрикоии А-20 Хэвок, А-26 Инвейзер ва Бомбаафканхои дурпарвози русии Ил-4, англисии Виккерс «Веллингтон», амрикоии В-25, «Мит­челл», олмонии Не-111, Ju-88 ва гайра ширкат доштанд. Ба­рои дастгирии куввахои хушкигард Бомбаафканхои якмухаррикдори Фейри «Беттл», Су-2, Ju—87 ва гайраро низ истифода мебурданд. Аз соли 1944 дар амалиёти харби Бомбаафканхои реактиви иштирок карданд. Нахустин самолёти махвкунанда-бомбаафкан – Мс-262А2 соли 1942 дар Олмон истехсол шуд, ки дар беруни он ду бомбаи 500-килоиро меовехтанд. Аввалин Бомбаафкани реактивии Аr-234 низ дар Ол­мон сохта шуд. Дар Чанги дуюми чахони Бомбаафканхо боиси кушта шудани миллионхо одамони гайринизоми, валангор гардидани шахру дехот, корхонахои бузург ва иншо­оти хаётан мухим гардиданд. Дар охири Чанги дуюми чахони 6 августи 1945 Бомбаафкани дурпарвози амрикои ба шахрхои Хиросима ва Нагасакии Чопон бомбахои атоми партофт, ки дар натича ин шахрхо комилан вайрон ва беш аз 200 хазор мардум кушта шуданд. Бомбаафканхои хамлавар (Ил-2, Ил-10, Су-25, Су-39, А-10), нишебпар (Ju-87, Пе-2), киркунанда (Р-47, Су-7, Р-105), аз чумла Бомбаафканхои махвкунандаи бисёрхадафа (Миг-25, Миг-31, Су-30, Р-15Е, Р/А-18) низ мавчуданд. Бомбаафканхои муосир аз Бомбаафканхои пешина комилан тафовут доранд. Бомбаафканхои муосир метавонанд рузонаву шабона, дар хар гуна вазъи обу хаво бо бомбахои одию ядрои, мушакхои болдори идорашавандаи «Хаво-Замин», мушакхои зиддикишти зарба зада, минтакахои бахри ва сохилиро минагузори кунанд. Онхо бо олатхои нишонгиру навигатсиони, дастгоххои идоракунии автомати ва мачмуи воситахои мудофиа чихозонида мешаванд. Бомбаафкани дурпарвози байникитъави метавонад аз як гушаи чахон ба дигараш парвоз кунад. Дар рузхои мо Бомбаафканхоро дар Ирок ва Афгонистон ба таври хеле фаъол истифода бур­да истодаанд. Дар замони хозира Бомбаафканхои бесарнишин низ бисёр истифода мешаванд.

Бомбаафканхои пуриктидори муосир: дар Руссия – Бомбаафканхои дурпарвози Ту-22М, Ту-160, Ту-95М ва чабхаии Су-34; дар ИМА – Бомбаафкани камаёни В-2А, Бомбаафканхои фавкуссадои В-18, В-52Н, самолётхои махкунанда-бомбаафкани F-15Е, F-16, дар Куввахои харбии бахри – самолёти махвкунанда – бомбаафкани сахникиштигии F/А-18; дар Хитой – Бомбаафкани дурпар­вози Н-6 (нусхаи Ту-16-и Руссия); дар Фаронса – самолё­ти махвкунанда – бомбаафкани Мираж 2000N.

Адабиёт: Виноградов Р. И., Пономарёв А. Н. Развитие самолётов ми­ра. Москва, 1991; Андреев И. А. Боевые самолёты. Москва, 1992; Ильин В. Е., Левин М. А. Бомбардировщики. Москва, 1996; Боевая техника и ору­жие 1939-1945. Москва, 2001. Зефиров М. В. Асы второй мировой вой­ны. Британская империя. Москва, 2004.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.