Маълумоти охирин

БОЛИД

bolidБОЛИД (фаронсави bolide, аз юнони bolis – найзаи партофташуда), 1) шихоб (метеор)-и дурахшониаш на камтар аз 4m (аз Зухра равшантар), ки андозахои кунчии намоён дорад. Муниртарин Болид рузона хам намудор мешавад; шабона чилд ва думи онро низ дидан мумкин аст. Болид пайе мегузорад, ки аз гази иондор ва чанг иборат аст. Хангоми парвози Болид баъзан садои махсус шунида мешавад ва радиоалока катъ мегардад. Шихобхо пеш аз ба Замин афтидан чун Болид намоён хастанд. Баъзе Болидхо пурра насухта, дар шакли шихоб ба Замин меафтанд. 19 марти 1718 Г. Галилей парвози Болиди нихоят бузургеро мушохида кардааст, ки «…чун Офтоб равшан буд». Яке аз Болидхои калонтарин «Бенешов» мебошад, ки дурахши он 21 m бузургии ситорави аст (барои мукоиса дурахши Мох – 1З m, Офтоб – 26m). Аз руйи накли шохидони афтиши шихоби Сихотэ-Алин (12 феврали 1947) он аз Офтоб равшантар буда, (дар рузи равшан) чашмро кур ва соя пайдо мекард. Ба­рои мушохидаи Болидхо дар ИМА, Канада ва Аврупо шабакахои махсус таъсис дода шуда буданд, лекин кори онхо пурмахсул нашуд. Аз ин ру, холо Болидхоро аз мушакхои кайхони мушохида менамоянд.

2) Намуди автомобилхои пойгавии чархкушоди тезсуръат (то 335 км/соат), ки дар мукоиса бо Болид номи рамзии худро сохиб шудаанд. Хар сол байни онхо чемпионати чахон – «Формула-1» аз руйи пойгаи халкави гузаронда мешавад. Он аз мархалахои алохида (гран-при) иборат  буда, дар шахру мамлакатхои гуногун мегузарад. Дар «Формула-1» сарнишинхо байни худ барои унвони «Чемпиони чахон» ва дастахо барои «Номи конструкторхо» мубориза мебаранд.

                                                                                                                                                                М. Халов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …