Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛДИРЕВ Алексей Василевич

БОЛДИРЕВ Алексей Василевич

imagesБОЛДИРЕВ Алексей Василевич (27.3.1780-29.8.1842, Маскав), забоншинос-шаркшиноси рус. Хатмкардаи Университети давлатии Маскав (1805). Баъдан дар Олмон ва Фаронса тахсил кардааст. Профессор (1815) ва ректори Университети давла­тии Маскав (1832-37). Соли 1811 дар Университети давлатии Мас­кав таълими мунтазами забонхои Шарк (араби, яхудии кадим, форси ва гайра)-ро чори намуд. Муаллиф ва мураттиби «Грамматикаи мухтасари забони араби» (1827, 1836), «Хрестоматияи араби» (1824, 1832), «Хрестоматияи фор­си» (1826, 1833—34; намунахоро аз эчодиёти Аттор, Саъди, Хофиз, Нахшаби, Чоми, Мирхонд ва дигарон дар бар мегирифт). Ин асархо то охири асри 19 чун дастури таълим ба кор бурда мешуданд. Болдирев ва шогирдонаш матнхои форсиро ба руси тарчума карда, дар мачаллахову мачмуахо чоп менамуданд. Тарчумаи баъзе порахо аз киссаи ишкии «Лайли ва Мачнун» ба калами Болдирев тааллук дорад.

Адабиёт: Стариков А. А. Восточная филология в Московском универ­ситете // Очерки по истории русского востоковедения. С. 3, Москва, 1960.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.