Маълумоти охирин

БОКУ

bakuБОКУ (Baki), шахр, пойтахти Чумхурии Озарбойчон, бандари калони Бахри Каспий ва шахри бузургтарини Кафкоз. Дар сохили чанубии нимчазираи Апшерон (Обшорон) вокеъ аст. Ахолиаш 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озарихо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни баруйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади ахолиаш озарихо буданд). Тарики гузаргохи киштихо (рохи киштигард) бо шахрхоои Туркманбоши, Бекдашем (Туркманистон) ва Октеппа (Казокистон) мепайвандад. Маркази рохи охан дар Ганча, Дарбанд, Имишли, Салани ва Ленкоран. Аэропорти байналмилали ва метрополитен дорад. Боку бори нахуст дар маъхазхои асри 5 ва асархои чугрофии асрхои 9-10 («Худуду-л-олам» ва дар осори Истахри, Масъуди, Мукаддаси) зикр шудааст. Аз асри 11 бандари бахрии асосии Шервон, дар охири асри 12 ва асри 15 маркази маъмурии давлати Шервоншохиён буд. Муаллифони асрхои 12-15 (Ёкути Хамави, Закариёи Казвини, Бакрон ва гайра) кони нафт доштани Бокуро (дар асархои худ) кайд кардаанд. Соли 1540 Бокуро сипохиёни Сафавиён ва дар охири асри 16 Империяи Усмони тасарруф намуданд. Соли 1604 калъаи Бокуро лашкари шох Аббоси 1 хароб кард. Солхои 1723-35 ва 1796-97 зери тасарруфи сипохиёни рус карор дошт. Соли 1747 маркази хонигарии Боку буд. Дар солхои чанги байни русхо ва форсхо (1804—13) ба Руссия хамрох карда шуд (1806). Дар нимаи дуввуми асри 19 Боку бо саноати истихрочи нафт босуръат таракки кард. Апрел-июли 1918 тахти назорати болшевикон, августи 1918 дар тасарруфи лашкариёни англис карор дошта, дертар Бокуро туркхо ба даст дароварданд. Солхои 1919-20 пойтахти Чумхурии Демократии Озар­бойчон буд. Апрели 1920 ба Боку Артиши Сурх ворид гардид; солхои 1920-91 пойтахти ЧШС Озарбойчон буд. Аз соли 1991 пойтахти Чумхурии Озарбойчон.

Боку маркази бузургтарини иктисодии мамлакат буда, дорои се заводи пуриктидори коркарди нафт аст. Бокуи муосир маркази саноати мошинасози, киштисози, электро­техники (заводхои мошинасозии электрики, «Электросвет», истехсоли яхдон ва кондитсионер), нафту кимиё (заводи коркарди кислотаи сулфат, истехсоли шина ва йоди Сурахан), коркарди семент, саноати сабук (истехсоли матоъхои пахтагин, шохи ва мохути махин, комбинати дузандаги, фабрикаи пойафзор) ва саноати хуроквори мебошад. Маркази Боку ба ду кисм – кухна ва нав (аврупои) чудо мешавад. Дар шахри кадима Шахри дарун, Калъаи шикаста (асри 11), Калъаи Духтар (асри 12), мачмааи Калъаи Шервон шохиён (асри 11), манора ва масчиди Синик-калъа (1079), Девонхона, манораи Масчиди чомеъ, макбараи ситорашинос Саиди Бокуви, корвонсаройи Мултон (асри 14) бокист. Дар кисми аврупоии Боку бинохои охири асри 19 ва аввали асри 20, аз чумла бинои Думаи шахри (1900), театрхои мусики-мазхакави, Академияи илмхо, Филармо­ния, хонаи А. Кулиев (1899), осорхонаи адабиёти Озар­бойчон ба номи Низоми ва дигар майдону хиёбонхои Озарбойчон, Нафтчиён, ба номи Р. Бейбутов, Истиклолият; майдонхои марказии Азалди, Ознефт, Фузули, масчидхои Тоза-Пир (1914), масчиди Имом Хусейн, Хочи Султонли чой гирифтаанд. Дар Боку донишгох (1919), 8 мактаби оли, Академияи илмхо (1945), 32 Осорхона (аз чумла осорхонахои таърихи Озарбойчон, санъат, осорхо­наи колинбофи), 8 театр, Сирк, Боги ботаники ва Боги хайвонот мавчуд аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …