Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКУИ Буабдуллохи Боку

БОКУИ Буабдуллохи Боку

imagesБОКУИ Буабдуллохи Боку, Ибни Бокуя, Абуабдуллох Мухаммад ибни Абдуллох ибни Убаидуллох (фавт 1037, Нишопур), яке аз машоихи мактаби ирфонии Хуросон. Нисбаташ аз номи бобояш Бокуя (мансуб ба шахри Боку) гирифта шудааст. Чой ва соли таваллудаш номаълум; даврони хурди ва чавониашро дар Шероз гузаронидааст. Дар чавони аз Абуяхё Бакр ибни Ахмад хадис шунида, дар хамин давра ба халкаи муридони су­фии маъруф Ибни Хафиф пайваст; аз у низ хадис шунид ва ба кавле таълимоти каломии Ашъариро низ аз у омухт.

Бокуи ба кишвархои исломи сафархои бисёр карда, шахрхои зиёдеро дидааст. Маъхазхо аз сафархои вай ба шахрхои Казвин, Рай, Байзо, Исфахон, Гундишопур, Ромхурмуз, Тустар, Куфа, Басра, Багдод, Димишк, Рамла, Бухоро, Хучанд, Хуросон маълумот додаанд. Бокуи ба Нишопур омада, ба чамъи муридони Абуабдуррахмони Суллами пайваст; дар хонакохи у сокин шуд ва пас аз даргузашти шайх халифаи у гашта, иршоди муридонро ба душ гирифт. Бокуи дар Нишопур бо Абулкосим Кушайри ва Абусаиди Абулхайр низ мулокот ва сухбатхо доштааст. “У дар ибтидо нисбат ба Абусаиди Абулхайр ва мачлисхои ваъзи у беэътинои зохир карда, раксу самоъи уро тамомаи кабул надоштааст ва онро инкор мекардааст, вале баъди мушохидаи каромоти шайхи мазкур тасаввуроташ дар бораи у дигар гашта, ба кавли Абдуррахмони Чоми, «дилхуш шуд ва инкори вай тамом бархост». Бокуи бо шайх Абулаббоси Нахованди низ муддате мусохиб будааст; онхо дар мавриди тарикат бо хам гуфтугухое доштаанд ва шайхи мазкур фазлу пешгомии уро эътироф кардааст. Абдуллохи Ансори дар бораи макоми Бокуи дар тасаввуф гуфтааст: «Вай пешвои ин кор буд ва аз хамаи улум бонасиб».

Бокуи дар тули сафархояш бо уламову мухаддисон, орифону машоихон ва суфиёни бисёре вохурда, дар бораи ахволу ахбори онхо хикояту ривоятхои фаровон гирдовари кард. Харчанд Бокуиро сохиби таснифоти бисёр донистаанд, аз у танхо як асар дар бораи Мансури Халлоч («Бидояту холи-л-Хусайн ибни Мансури-л-Халлоч ва нихоятуху») то замони мо расидааст. Хочихалифа дар «Кашфу-з- зунун ан асоми-л-кутуби ва-л-фунун» китоберо ба номи «Ахбору-л-орифин» (номи дигараш «Хикоёту-л-орифин») ва К. Броккелман дар «Geschichteder Arabishen Litteratur» китоби «Хикоёту-с-суфия»-ро аз чумлаи таълифоти у шумурдаанд. Дар баъзе маъхазхо девони Шайх Али, машхур ба Бобокухи, иштибохан ба вай нисбат дода шу­дааст. Бархе тазкиранигорон, аз чумла Чунайди Шерози, навиштаанд, ки Бокуи дар охирхои умр ба Шероз бозгашта дар даруни горе мезист, аз ин ру, бо номи Бобокухи маъруф гашт; хамон чо фавтид ва кабраш хам хамон чост, аммо бархи дигар кабри мазкурро ба шахси дигаре бо хамин ном нисбат додаанд.

Адабиёт: Бертельс Е. Э. Суфизм и суфийская литература. Москва, 1965;

С. Махмадуллох.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.