Маълумоти охирин

БОКС

boxБОКС (аз англ. Bох — зарба), муштзани, навъи варзиш, аз руйи коидаи муайян муштзании байни ду варзишгар. Панч хазор сол пеш дар Мисру Бобул дар шакли муштзании оди пайдо шудааст. Коидахои бозии Бокс (бе дастпушак) дар Англия (асри 18) чори гардида, соли 1867 истифодаи дастпушак шуруъ шуд. Бокс аз соли 1904 ба барномаи Бозихои олимпи дохил ва минбаъд баргузории чемпионатхои чахон ва китъаву давлатхои алохида аз руйи он ба анъана даромад. Мусобика дар ринг – майдончаи чоргушаи дарози ва бараш 6 метр ки атрофаш бо таноб ихота шудааст, дар чанд навбат (раунд) бо танаффуси якдакикаги мегузарад. Ба ринг харифони хамвазн (истисно бокси касби) рох дода мешаванд. Голиб варзишгаре мегардад, ки харифро бо хучуми муваффакиятнок ши­каст медихад, ё кувваи харифаш ба давом додани бози намерасад, ё харифаш аз идомаи бози сар мекашад. Мувофики коидаи Бокс аз камар поин, ба буни гардан, ба тахтапушт, инчунин харифи аз пой афтодаро задан мамнуъ аст. Мусобикаи муштзанхоро як хаками дохили халка (ринг) ва 3-5 хаками берун аз он довари мекунанд. Дар Точикистон ин навъи варзиш маъмул аст. Намояндагони чумхури дар мусобикахои байналмилали ва минтакавии Бокс пайваста иштирок мекунанд.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …