Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОКСИТ

БОКСИТ

boksitБОКСИТ (фаронс. bauxite, аз номи дехаи Ле Бо дар чануби Фаронса, ки кабати Боксит бори нахуст дар он чо ёфт шудааст), чинси кухи, ки асосан аз оксиди алюминии (Аl2 О,), оксиди охан (Fe2O3) ва минералхои гили таркиб ёфтааст. Таркиби Боксит инчунин ба микдори кам минералхои диаспор, бёмит, гиббеит, гётит, гидрогётит, гидрогема­тит, каолинит, шамозит, хлоритхо, рутил, анатаз, илменит, алюмогётит, дернит, алюмогематит, сидерит, калсит, микохо ва гайра дорад. Рангаш сурх, сурхи чигари, баъзан хокистари, сафед, зард, сиёхтоб буда, анбухахои сахт, масомадор, ковок, пук, замини, хока, гилмонанд дорад. Аз чихати сохтори Боксити овори (пелити, реги, шани, конгломерати), Боксити конкретсиони (оолити, пизолити, лубиёи), Боксити лоядор ва Боксити яклухтро фарк мекунанд. Бокситхо бофтахои колпоморфи (ягонасохт, лоядор ва гайра) доранд. Аз сабаби масоманоки ва таркиби гуногун доштанашон вазни хачмии Боксит аз 1800 (Боксит ковок) то 3200 кг/м3 (Боксити каммасома ва бештар охандор) тагйир ёфта метавонад. Вобаста ба таркиби минералиашон Боксити моногидрооксиди (диаспори, бёмити), Боксити сегидрооксиди (гиббсити) ва Боксити омехтаро (диаспор-бёмити, бёмит-гиббсити) фарк мекунанд.

Маъдани алюминий, ки аз гидрооксиди алюминий, ок­сиди охан ва силитсий иборат аст, барои хосил кардани гилхок ва оташтобовархои гилхоки ашёи хом мебошад. Микдори гилхок дар Боксити саноати аз 40% то 60% тагйир меёбад. Дар шароити мукаррарии фарсоиш шпатхои сахрои (минералхое, ки кисми зиёди кишри заминро ташкил медиханд ва алюмосиликатхо мебошанд) пусида, гилро ба вучуд меоранд, вале дар шароити иклими гарм ва рутубати зиёд маводди пусиши онхо метавонанд. Бокситхо бошанд. Аз Боксит алюминийро мархала ба мархала хосил меку­нанд: аввал оксиди алюминий (гилхок), сипас алюминийи филиззи (бо усули электролиз ва истифодаи криолит). Боксит инчунин барои истехсоли ранг, сементи гилдор, электрокорунд, дар филиззкории сиёх, тоза кардани нафт ва гайра истифода мешавад. Захирахои бузургтарини Боксит дар Гвинея (Боке, Фриа, Дебеле ва гайра), Австралия (Уэйпа, Гов), Руссия (Вислов, Тихвин, Урапи Шимоли ва гайра), Казокистон (Тургай), Хитои (Шандун, Ляонин) мавчуданд. Дар Точикистони Маркази ва Бадахшон якчанд зухуроти начандон калони Боксит ба кайд гирифта шудаанд.

М. Чанобилов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …