Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОКИ

БОКИ

bokiБОКИ, ал-Боки (араби – човид, абади ва фанонопазир), яке аз номхои Худованд. Зоти у бо ифодаи номи Боки зиндаи човид ва хайю кайюми абади аст. Дар Куръон ин вожа барои исботи сифати бако барои Худо ба кор рафтааст: «Хар касе бар руйи он (замин) аст, фони аст ва (танхо) зоти Парвардгори ту, ки сохиби чалолу икром аст, боки мемонад» (55:26, 27) ва «Ва Худо бехтар ва боки аст» (20:73).

Газзоли дар тафсири маънои Боки мегуяд: «У мавчуди вочибулвучуд бизотихи аст, лекин вакте дар зехн ба оянда изофа шавад, Боки ва чун ба гузашга изофа шавад, кадим (аввал) номида шавад». Боки аз назари мутакаллимон ва фалосифаи исломи мавриди баррасихои густардае карор ги­рифт, ки ин басотати лугавии онро то андозае печида сохтааст. Вожаи Боки дар Куръони карим бо муштаккоти феъли омадааст ва дар суннати набави дар хадиси асмоуллох – «Сунан»-и Тирмизи (3507), «Сунан»-и Ибни Моча (3861), «Мустадрак»-и Хоким ва «Фатхулбори»-и Ибни Хачари Аскалони (14/468, 469) ба шакли исми фоил зикр шуда­аст. Банда, ки фитратан ба абадият ва хаёти мондагор гароиш дорад, макоми човидонаги ва хаёти абадиро бо тачаллии осори номи Бокии Худованд дар зиндагиаш, бо пайрави аз таълимоти шариати у ва бо анчом додани корхои мондагоре, ки дар таъбири Куръони ба онхо бокиёти солихот – пасандозхои нек гуфта мешавад, ба даст меоварад ва ба саодати абади дар бихишт даст меёбад.

А. Бокизода.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …