Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОКИРИЯ

БОКИРИЯ

sektanstvoБОКИРИЯ, як фиркаи имомии шиа, ки пайравонаш имоматро аз Али ибни Абутолиб то имом Бокир расонда, уро Махди эълон карданд ва муътакидаид, ки бо баркарор шудани адолат у боз мурочиат хохад кард. Онхо ба­рои тасдик ва таквияти ин акидаи худ ривоятеро созмон доданд, ки тибки он гуё Пайгамбар (с) ба тавассути охирин сахобааш Нобир ибни Абдуллохи Ансори ба Бокир пайгом фиристодааст. Бокириён пайгоми мазкурро далел барои махдавияти Мухаммад Бокир медонанд. Шахристони дар «ал-Милал ва-н-нихал» ин акидаро рад намуда, ба тавассути шахси севвум (ё худ восит) пайгом фиристодани Мухаммад (с)-ро далели махдавият намедонад ва аз ин ру, боз ба олами модди баргаштани Мухаммад Бокирро рад мекунад. У инчунин пайравони чаъфарияро низ асхоби Мухаммад Бокир ва фарзанди у Чаъфари Содик (фавт 765) медонад. Бино ба кавли Мухаммади Шахристони, пайравони чаъфария имомати хар дуро эътироф карда, баъзеашон ба имомати Мухаммад Бокир ва баъзеи дигарашон ба имомати фарзанди у имом Чаъфари Содик коиланд. Баъдтар дар баъзе адабиёти дини ва маорифи исломи чаъфариёнро пайравони мазхаби панчуми рошиди хонда, бо чахор мазхаби сунни баробархукук арзёби намудаанд. Холо Бокирия хамчун фиркаи мустакили дини фаъолият намекунад, вале баъзе нуктахои таълимоташ дар акоиду орои ахли шиа мушохида мешавад.

Адабиёт: Хазрати М., Саидиён И. Ислом. Равия, мазхаб ва фиркахои он. Душанбе, 1992; Беляев А. Е. Мусульманское сектанство. Москва, 1957;

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …