Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИРХОН

БОКИРХОН

imagesБОКИРХОН (1862 махаллаи Хиёбони Табрез – 1916, Касри Ширин), яке аз сарварони нахзати Табрез (1908— 1909), мулаккаб ба «Солори милли». То инкилоби машрута (1905—07) ба бинокори машгул буд. Хаёти Бокирхон дар давраи инкилоб бо вокеоти зиндагии Сатторхон марбут аст ва ин ду шахсият ба унвони ду хамразм ёд мешаванд. Пас аз табаддулоти Мухаммадалишохи Кочор бар зидди низоми машрута, пароканда шудани Мачлиси Шурои Милли ва шикасти машрутахохон дар Техрон (22 июни 1907) маркази муковимати машрутахохон ба Табрез интикол ёфт. Анчумани иёлотии Табрез аз хисоби муборизони Табрез бо сарварии Сатторхон ва Бокирхон нерухои харби таъсис намуд (сентябри 1907). Дар тули ёздах мохи мубориза ба Сатторхон ва Бокирхон муяссар гардид, ки не­рухои истибдодии шохро бо сарварии Абдулмачид Мирзо (Айнуддавла) шикаст дода, ба акибнишини мачбур намоянд. Айнуддавла Табрезро дар холати мухосира нигох медошт, вале Бокирхон хамвора истодагари мекард. Руссия ва Англия, ки пас аз карордоди соли 1907 хар кадом кисмате аз сарзамини Эронро амалан дар ихтиёр доштанд, тавофук карданд, ки бо максади химояи шахрвандони хоричи куввахои низомии рус вориди Табрез шаванд ва рохи маводди хурокиро ба шахри Табрез кушоянд. Сатгор­хон ва Бокирхон аз идомаи мубориза даст кашида, пас аз воридшавии русхо ба консулгарии Усмони паноханда шуданд (июни 1909)

Дар ин байн Техрон аз чониби муборизони бахтёри ва гелони истило гардида, ба салтанати истибдодии Му­хаммадалишох хотима дода шуд ва хукумати муваккати таъсис гардид. Русхо барои хорич кардани Сатторхон ва Бокирхон аз Табрез мекушиданд ва Мухбируссалтана (волии на­ви Озарбойчон) ба ин андеша мувофик буд, ба далели ин ки онхо ба дастурхои давлат итоат намекарданд. Саттор­хон ва Бокирхон бо даъвати хукумати маркази ва ташвики Мулло Мухаммадкозими Хуросони ба Техрон ворид шуданд. Истикболе, ки мардуми Техрон аз ин ду кахрамони муборизи Табрез карданд, то он замон аз хеч подшохе ба амал наёмада буд. Сатторхон ва Бокирхон расман дар боги шох пазирои шуданд ва дар Кохи Гулистон бо Ахмадшох мулокот карданд. Барои Бокирхон Боги Ишратобод чойи икомати расми таъйин карда шуд. Мачлиси Шурои Милли онхоро бо ор­ден сарфароз гардонида, барои хар кадом 1000 тумон мохона мукаррар кард.

Дар муборизаи байни эътидолиён ва демократхо дар хукумати машрута бо пуштибони аз гурухи якум бар зид­ди намояндагони демократи Мачлис суханрони карда, батадрич робитахои байни ду сардори табрези бо Саййидхасан Такизода – рахбари демократхо тира гардид. Саранчом Мачлиси Шурои Милли карор кард, ки мучохидон дар зарфи 48 соат силоххои худро ба хукумат супоранд. Ин амр ба чанги байни мучохидон ва куввахои давлати дар икоматгохи Сатторхон анчомид ва Бокирхон бо гурухи худ ба сардори милли пайваст. Мачлис барои Бокирхон сесад тумон мохона таъйин кард, ки он то охири умр ба у пардохт шавад.

Бокирхон дар огози Чанги якуми чахони хамрохи гурухи озодихохон рахсипори каламрави Усмони дар Ирок шуд (ноябри 1915), вале баъди шикасти Олмон ва пароканда шудани озодихохон у дар рохи бозгашт ба ватан дар наз­ди Касри Ширин аз чониби Мухаммадамини Курди Толибони ба катл расонда шуд (1916). Баъдан часади Бокирхон аз дехаи Мухаммадамин ба Табрез интикол ёфт.

Адабиёт.: Большая советская энциклопедия. Т. 2, Москва, 1970;

С. .Хусайнов

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.