Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИИ ДАРЗИ

БОКИИ ДАРЗИ

imagesБОКИИ ДАРЗИ  Устод Бокии Дарзии Бухорои, навозанда, сароянда, мусикидон ва шоири точики охири асри 16 – нимаи аввали асри 17. Пешааш косиби буда, тахаллуси «Дарзи» низ ва хамин чост. Маълумоти ибтидоии мусикиро дар зодгохаш гирифта, сипас махорати созандагию навозандагиро дар шахрхои Самарканду Хирот назди Хоча Чаъфари Конуни, Устод Амир Алиакбари Конуни ва Бобои Конуни сайкалу такмил додааст. Дар хунари сознавози (барбату конун, танбур) сабки хоссе дошта, дар Бухорову Самарканд ва Хироту Балх машхур будааст. Барои ин созхо дар шаклу анвои мусикии «пешрав», «кор», «амал», «савт», «кавл», «кавли мустахалл» асархо эчод намудааст. Бахусус асархои у «Кор», «Кор ба усул», «Пешрав», «Савт», «Кавл», «Кори наво», «Амали рост», «Пешрави Дарзи», «Кавли Гуландом» ва гайра дар назди ахли хунар шухрат доштаанд. Бокии Дарзи барои дастаи мутрибони Накорахонаи Бухоро як силсила асархои созию овози дар вазни макомхои «Ушшок», «Рост», «Исфахон», «Хичоз» тасниф намудааст. «Пешра­ви мехтариён», «Пешрави накора» дар барномахои хунари мавриди истифода будаанд. Бокии Дарзи анъати китобат (хаттоти) ва ороиши китобро низ хуб медонист. Дар шархи мушкилоти «Юсуфу Зулайхо»-и Абдуррахмони Чоми рисола навишта, оид ба кавоиди кофия, санъатхои бадеии тарсеъ, тачнис, ташбех, сачъи мутавози, мутарраф, мутавозана, ихом, миръотунназир ва гайра бахс оростааст. Бокии Дарзи табъи шоири дошта, газалу рубоихои неку гуфтааст. Ин абёт аз уст:

Аз шуълахои сузи дили нотавони ман,

Гуё забона аст забон дар дахони ман.

Гаштам нишони тири вафояш, вале нашуд

Хотирнишони он бути абрукамони ман.

Ёби тамоми сурати пайкони хешро,

Гар бишкани ба санги ситам устухони ман.

Хар шаб чудо зи руи ту, эй мох, бигзарад

Аз нух сипехр нолаву оху фигони ман.

Боки, агарчи аз гами ишки ту чон набурд,

Бодо бакои умри ту ороми чони ман.

Бокии Дарзи дар охири умр ба зодгохаш омада, шогирдони бисёре тарбия намудааст.

Адабиёт: Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. Чилди 1. Душанбе 1988; Дарвешалии Чанги. Р: 449, ИШАИ Узбекистон.

А. Рачабов, У. Каримов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.