Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЕВА Муслима

БОКИЕВА Муслима

imagesБОКИЕВА Муслима (таваллуд 7.11.1933, Бухоро), сарояндаи машхури точик (сопранои лирики), Артисти халкии Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон (1971). Санъати сознавози ва сарояндагиро аз падараш – хофиз ва танбурнавози машхур Бо­киев Солех омухтааст. Аз со­ли 1946 дар Душанбе зиндаги мекунад. Сарояндагиро ибтидо дар дастаи санъаткорони Раёсати радиошунавонии Точикистон огоз  намуда, аз устодони мусики Ф. Шахобов, Ф. Солиев, 3. Шахиди дарси махорат омухтааст. Аз соли 1953 сароянда ва баъд рохбари Ан­самбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Точикистон (хозира ансамбли «Чаман») буд. Бокиева сарояндан пурэхсос ва сохибзавк буд, истеъдоди хуб ва овози софу ширадор дошт. Дар ичрои сурудхои халкию классикии точики махорати тамом дошта, сурудхои руси, озари, туркмани, узбеки, украини, молдави, киргизи, афгони, эрони, араби ва туркиро хуб мехонд. Сурудхои «Эй машъали Шарк» (шеъри М. Турсунзода, оханги халк), «Пойтахти ман» (шеъри Б. Рахимзода, оханги 3. Шахиди), «Духтари Самарканди» (шеъри Б. Фаррух, оханги С. Хамроев), «Ба Ватан» (шеъри Х. Юсуфи, оханги халк), «Ёри надори» (шеъри Вокиф, оханги Ф. Одинаев), «Гул ба бог» (шеъри Зебуннисо, оханги Ф. Солехов), «Сабзинаранг» (халк) ва гайра аз бехтарин сурудахои у мебошанд. «Кушчинор» (газали Туграл), «Баёти 5» (газали Рудаки), «Кашкарчаи Савти Наво» (газали Хилоли), «Чоргох» (газали Камоли Хучанди) ва дигар сурудхои классики дар ичрои у садо додаанд. Бокиева дар сурудхояш Ватан, мехнату суботкорихо ва бахту саодати мардумро тараннум кардааст. Дар хайати Ансамбли рубобчизанон ба чумхурихои собик Иттиходи Шурави, Эрон (1957), Афгонистон (1963, 1973) ва Австрия (1961) сафархои хунари намудааст. Бокиева ширкатдори Дахаи адаби­ёт ва санъати точик дар Маскав (1957) ва Фестивали 6-уми умумичахонии чавонон ва донишчуён дар Маскав (1957) мебошад. Барои хидматхои шоёнаш дар рушди мусикии точик бо ордени «Нишони Фахри», медалхо ва грамотахои фахрии Президиуми Шурои Олии Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.