Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЕВ Расул Худойназарович

БОКИЕВ Расул Худойназарович

imagesБОКИЕВ Расул Худойназарович (таваллуд 29.9.1982, шахраки Сомониёни нохияи Рудаки), варзишгари точик, гуштингир (дзюдо), Устоди шоистаи варзиши Точикистон оид ба гуштини кураш (2006) ва дзюдо (2007). Ус­тоди варзиши дарачаи байналмилали аз намуди олимпии дзюдо, кураш, самбо, «гуштингири». Хатмкардаи До­нишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон (2004). Аз соли 2004 мураббии Мактаби махсуси варзиши оид ба дзюдои нохияи Рудаки. Нозукихои гуштини милли ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хидматнишондодаи варзиши Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон Бокиев X. омухтааст. Чемпиони чандинкаратаи Точикистон оид ба гуштини дзюдо ва самбо, кураш ва «гуштингири». Ширкатдори чемпионатхои Осиё, чахон ва бозихои олимпи. Соли 2003 дар Бозихои панчуми Осиёи Маркази (шахри Душанбе) дар бахши гуштини дзюдо сохиби чойи дуввум ва дар гуштини миллии кураш сазовори чойи аввал ва меда­ли тило гашт. Соли 2005 дар Чемпионата Осиё (шахри Тошканд) дар бахши гуштини дзюдо сохиби медали биринчи ва дар гуштини миллии кураш чемпиони чахон шуд. Худи хамин сол дар мусобикаи байналмилалии Федератсияи Руссия (шахри Йошкар-Ола) голиб омада, медали тилоро гирифт. Соли 2006 дар мусобикаи Чоми ифтихории чахон (шахри Гамбур­ги Олмон) сазовори чойи дуюм ва медали нукра, дар мусобикахои байналмилалии Итолиё (Рум) ва Казокистон (шахри Алмаата) сохиби чойи якум ва медали тило гар­дид. Дар Бозихои Осиё (2006, давлати Катар) дар бахши гуштини дзюдо медали биринчи ва дар Чемпионати Осиё (2007, Кувайт) медали нукраро сохиб шуд. Соли 2007 дар мусобикахои Чоми чахон дар Бразилия (шахри Рио-де-Жанейро) сазовори чойи севвум ва медали биринчи гашта, барои иштирок дар Бозихои олимпии Пекин роххат гирифт. Соли 2008 дар Бозихои XXIX олимпии Пекин (Чин) дар бахши гуштини дзюдо сохиби чойи сеюм ва медали биринчи гардид. Чемпиони Федератсияи Руссия оид ба гуштини дзюдо (2009, шахри Налчик). Голиби Чоми чахон дар давлати Тунис (2010), шахри Кохираи Миср (2010) ва шахри Бухарести Чумхурии Руминия (2011). Ширкатдори Бозихои олимпи дар шахри Лондон (2012). Бо ордени «Шараф» (дарачаи 1) сарфароз гардидааст.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.