Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЕВ Олуболу

БОКИЕВ Олуболу

imagesБОКИЕВ Олуболу (25.5.1934, нохияи Рушон – 5.2.1999, Душанбе), доктори илмхои таърих (1991), профессор (1994). Хатмкардаи Институти давлатии омузгории Самарканд (1955), УДТ (1961, холо ДМТ), аспирантураи Донишгохи давлатии шахри Ле­нинград (Санкт-Петербург; 1969). Солхои 1955-56 муалли­ми мактаб дар нохияи Гарм, 1961-63 лаборанти калони Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии АИ Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон, 1963 муаллими калон, дотсент ва профессори фа­култаи таърих, 1980-83 муовин ва ичрокунандаи вазифаи декани факултаи таърих, чанд соли охир мудири кафедраи таърихнигори ва бойгонишиносии ДМТ буд. Муаллифи беш аз 200 рисола, барномаи таълими, маколаи илми-методи ва оммави, ки мухимтарини онхо «Ахволи ичтимои-иктисодии Точикистон дар таърихнигории тоинкилобии рус» (1976), «Тахкикоти таърихи точикон ва Точикистон дар асархои мухаккикони тоинкилобии рус» (1991); «Истило ва хамрохкунии ши­моли Точикистон, Помир ва Кухистони Бадахшон ба Рус­сия» (1994) мебошанд. Бо ор­дени «Нишони Фахри», нишонхои сарисинагии «Аълочии маорифи Точикистон», «Аълочии мактаби олии ИЧШС», «Корманди шоистаи маорифи Точикистон» ва ифтихорномахо сарфароз шудааст.

К. Расулиён.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.